Вуҷуди марзбонони тоҷик ва марзҳои амни Тоҷикистон

Сафири Русия дар Душанбе гуфт, Тоҷикистон тавони муқобила бо ҳаргуна таҳдид ва чолиш дар марзҳоро дорад.

Игор Лиякин Фролов сафири Русия дар Душанбе дар нишасте матбуотӣ дар мавриди таҷаммуи нерӯҳои ДИИШ дар шимоли Афғонистон гуфт, ба лутфи вуҷуди марзбонони тоҷик марзҳо ором аст.

Фролов гуфт, бино бар бархе иттилоот дар минтақаҳои шимолии Афғонистон 2500 то 3 ҳазор диишӣ ҳузур доранд.

Вай дар идома ҳамсоягӣ бо ин созмонҳоро хатарнок хонда ва афзуд, барои ҳамин бояд омодаи посухи муносиб ба ҳаргуна чолиш ва таҳдиде буд.

Фролов идома дод, бахши умдаи ин ашхос дар даргириҳои мусаллаҳона дар Сурия ширкат ва акнун ба Афғонистон куч карданд.

Вай афзуд, аз онҷо, ки вазъият дар Афғонистон бесубот ва қудрати марказӣ дар он вуҷуд надорад нерӯҳои террористӣ ба ин минтақа куч карданд.

Фролов дар бахши дигаре ба саҳми бузурги пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон ишора карда ва гуфт, ҳузури ин пойгоҳ барои тақвияти истиқлол ва тамомияти арзии кишвар нақши қобили таваҷҷуҳеро ифо мекунад.

Вай гуфт, ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон омили амният ва субот дар Душанбе ва дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад