Ҳаракати ҷамъии твиттерӣ дар дифоъ аз кудакони яманӣ

Фаолони яманӣ ва араб ҳаракати ҷамъии интернетие дар ҳимоят аз кудакони бегуноҳи яманӣ роҳ андохтанд.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии СабоНет, бархе фаолони яманӣ ва араб дар шабакаи иҷтимоии Твиттер ҳаракате бо унвони #ҳар_даҳ_дақиқа_кудаке_дар_Яман_кушта_мешавад” , ба роҳ андохтанд ва аз озодагони саросари ҷаҳон хостанд ба ин ҳаракати дастаҷамъӣ бипайванданд.

Ҳадаф аз ин ҳаракат, таваҷҷуҳ ба куштори ҷамъии кудакон ва занони яманӣ аст, ки дар панҷ соли гузашта дар сукути маҷомеи байналмиллалӣ сурат гирифтааст.

Бино бар омори Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Миллали Муттаҳид (ЮНЕСКО) дар ҳар даҳ дақиқа як кудаки яманӣ ҷони худро аз даст медиҳад.

Созмони хорубор ва кишоварзии Миллали Муттаҳид (ФАО) низ дар навтарин гузориши худ бо унвони вазъи амнияти ғизоӣ дар ҷаҳон дар соли 2019 Яманро дорои бадтарин шароит дар миёни кишварҳои ҷаҳон эълом кард.

Яман аз марти 2015 мавриди ҳамлаи густардаи эътилофи арабӣ ба саркардагии Арабистон қарор гирифтааст.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки натиҷае ҷуз вайронӣ ва куштор дар Яман ба ҳамроҳ надоштааст, ҳамчунон идома дорад.

Иқтисоди Яман дар асари ҷанг ва муҳосираи ҳамаҷонибаи он аз байн рафтааст ва вазъияти инсонии ин кишвар, ки аз камбуди маводи ғизоӣ ва имконоти беҳдоштӣ ранҷ мебарад рӯз ба рӯз вахимтар мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад