Туркия: бо таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон мухолифем

Вазири умури хориҷаи Туркия рӯзи шанбе аз таҳримҳои Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон интиқод кард.

Мавлуд Човуш Уғлу дар нишасти Дуҳа 2019 дар пойтахти Қатар зимни мухолифат бо таҳримҳои зидди эронии Амрико гуфт, таҳримҳои Вашингтон мардуми Эронро ҳадаф қарор додааст.

Вазири умури хориҷаи Туркия афзуд, ин таҳримҳо ҳеҷ дастоварде барои Кохи Сафед надошта ва нахоҳад дошт.

Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико сешанбе 8 майи 2018 ба таври якҷониба бо поймолсозии тааҳудоти Вашингтон зайли БАРҶОМ кишварашро аз ин тавофуқи байналмиллалӣ хориҷ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густардаи дохилӣ ва байналмиллалӣ ру ба ру шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад