ЮНЕСКО Арбаини Ҳусайниро сабти ҷаҳонӣ кард

Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) маросими Арбаини шаҳодати сарвару солори шаҳидон - ҳазрати Абоабдуллоҳилҳусайн (а) дар Карбалои Муаллоро дар феҳристи ҷаҳонии мероси фарҳангии маънавии башарият сабт кард.

Ба гузориши Алолам, ҳамасола миллионҳо зоир аз Ироқ ва дигар нуқоти ҷаҳон дар ин пиёдаравии азими садҳо километрӣ ширкат мекунанд.

Муҳимтарин шохисҳое, ки боис шуд ЮНЕСКО ин ойини маънавиро сабти ҷаҳонӣ кунад, теъдоди зоирон, ҳаҷми ғизое, ки миёни онон тавзеъ мешавад, ройгон будани ғизо, маскан, дармон ва соири ниёзҳои зоирон дар масири роҳпаймоии Арбаини Ҳусайнӣ аст, ба вижа, ки теъдоди зоирон ҳарсола беш аз 15 миллион нафар аст, ки 7 миллион нафари онон аз хориҷи Ироқ ҳастанд.

Шохиси дигар он аст, ки бештар аз сад ҳазор ҳайати ҳусайнӣ дар ин гирдиҳамоии азим ба зоирон хадамотрасонӣ мекунанд, ки 210 ҳайат ғайри ироқӣ ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад