Фаронса мизбони нишасти байналмилалӣ дар бораи Лубнон

Фаронса эълон кард, ки ин кишвар мизбони нишасти байналмилалӣ бо мавзӯи Лубнон хоҳад буд.

Ба нақл аз Рӯйтерз, Вазорати хориҷаи Фаронса эълон кардааст, ки Порис ба зудӣ мизбони нишасти байналмилалӣ бо мавзӯи таҳаввулоти ахир дар Лубнон хоҳад буд.

Гуфта шудааст, ки ин иҷлос чаҳоршанбеи ҳамин ҳафта бо мавзӯи ҳамёрӣ ба давлати Лубнон барои шитоб дар ташкили давлат баргузор хоҳад шуд.

Агенс Ван Дер Мул, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Фаронса дар ҳамин бора эълон кардааст, ки Фаронса ба думболи кумаки ҷомеаи байналмилалӣ барои ташкили давлати мӯътабар ва бонуфуз дар замони зуд аст.

Пеш аз ин манбаъ эълон карда буд, ки Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири пешини Лубнон ба эҳтимоли зиёде давоми рӯзҳои оянда ба Порис хоҳад рафт.

Манобеи мазкур эълон карданд, ки Ҳарирӣ тарҷеҳ медиҳад ҳайати лубнонӣ дар ин нишаст ба раёсати Алӣ Ҳасан Халил, вазири дороӣ ширкат кунад, аммо Алӣ Ҳасан Халил бо рафтан ба Порис мухолифат кардааст.

Саъд Ҳарирӣ баъд аз шиддат гирифтани эътирозоти мардумӣ дар Лубнон истеъфои худро аз мақоми нахуствазирӣ эълон кард.

Ин дар ҳолест, ки Самир Хатиб, бозаргони лубнонӣ мухолифати худро бо ба даст гирифтани мақоми нахуствазирӣ эълон карда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад