Толибон: “Бо Амрико ба тавофуқи ҳамаҷониба расидем”

Сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар эълон кард, ки бо Амрико дар ҳамаи маворид ба тавофуқ расидаем ва имкон дорад тавофуқ бо Вашингтонро пеш аз оғози соли ҷадид имзо кунем.

Бар асоси гузориши манобеи хабарии Афғонистон, Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар гуфт, намояндагони Амрико ва Толибон ба рӯи тамоми маворид ба тавофуқ расидаанд ва ҳамакнун дар мавриди замон ва макони имзои тавофуқнома тасмим мегиранд ва мумкин аст тавофуқ пеш аз соли ҷадид ба имзо бирасад.

Музокироти Амрико бо Толибон аз ибтидои ин ҳафта аз сар гирифта шуд ва коҳиши хушунатҳо ба гунае, ки ба музокирот байни гурӯҳҳои афғон ва эълони оташбас хатм шавад, дастури кори аслии ин музокирот буд.

Ин музокирот дар пайи сафари дурӯзаи Залмай Халилзод, намояндаи вежаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон ба Кобул ва гуфтугӯ бо мақомоти давлат ва сиёсатмадорони номдори афғон, аз ҷумлаи Ҳомид Карзай шакл гирифт.

Музокироти гурӯҳи Толибон ва Амрико аз ду моҳи пеш дар пайи лағви даъвати Доналд Трамп аз ин гурӯҳ дар Амрико мутаваққиф шуда буд.

Даври қаблии музокироти Толибон ва Амрико дар Доха дар ҳоле ҷараён дошт, ки ду тараф аз наздик шудан ба имзои тавофуқнома хабар медоданд, аммо, дар ниҳоят мухолифати Толибон бо эълони оташбас, ба навъе музокиротро ба шикасти муваққат кашонд.

Залмай Халилзод дар сафари ҷадиди худ охири ҳафтаи гузашта барои аз саргирии музокира бо Толибон ба Кобул омад ва дар дидорҳои ҷудогона бо мақомоти давлатӣ ва раҳбарони собиқи ҷиҳодӣ, оташбас ва аз байн бурдани пойгоҳҳои Толибон дар Покистонро ба унвони пешниҳоди афғонҳо барои расидан ба сулҳ дарёфт кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад