Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар заминаи мубориза бо терроризм

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо Лю Бин, сафири Чин дар Душанбе ва Дан Босин, муъовини раиси Ожонси давлатии тавсеъаи ҳамкории байналмилалии ин кишвар дидор кард.

Дар ин дидор масоили марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва қочоқи инсон мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Тайи ин мулоқот ҳамчунин масоили марбут ба табодули иттилооти амалиётӣ миёни мақомоти зирабти ду кишвар ва соири мавзӯоти мавриди алоқаи ду тараф баррасӣ шуд.

Тарафайн дар ин дидор теъдоде аз пешниҳодоти муфид дар заминаи муборизаи муштарак бо таҳдид ва хатароти замони муосир аз ҷумла тахаллуфоти фаромарзии созмонёфта ироа карданд.

Дутараф дар ин мулоқот омодагии худ барои тавсеа ва густариши бештари равобит миёни Тоҷикистон ва Чин эълом карданд.

Ин мулоқот дар фазои дӯстӣ, дарки мутақобил ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад