Тасвиби пешнависи стратегияи тавсеаи иқтисодии ИДМ то соли 2030

Ба мизбонии Русия дар пойтахти ин кишвар 84-умин нишасти Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил (ИДМ) дар сатҳи муовинони нахуствазирони кишварҳои узв ин иттиҳодия баргузор шуд.

Дастури кори нишасти мазкур машмули мавзӯоти мухталифе дар иртибот бо ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои ИДМ буд.

Раисони ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунанда зимни ин нишасти стратегияи тавсеаи иқтисодии кишварҳои ИДМ то соли 2030-ро тасвиб ва тавсия карданд, ки такмили ин пешнавис идома ёбад.

Ин санад аҳдоф ва вазоифи тавсеаи иқтисодии кишварҳои ИДМ ва ҷиҳатҳои аслии таомул дар ин заминаро барои даҳ соли оянда таъйин мекунад.

Санади тасвибшуда ҷиҳат баррасӣ ба Шӯрои нахуствазирони кишварҳои ИДМ ирсол хоҳад шуд.

Дар ин нишаст ҳамчунин тасмимоте дар мавриди пешнависи пешбинии тавлид ва масрафи манобеи энержии кишварҳои ИДМ то сол 2030 ва оинномаи ҷадиди рақобат барои ҷоизаи ИДМ дар заминаи кайфияти маҳсулот ва хадамот ба имзо расиданд.

85-умин нишасти Шӯрои иқтисодии кишварҳои ИДМ дар таърихи 13 март ба мизбонии Русия дар шаҳри Маскав барпо ва тайи ин рӯз қарор аст, ҳамоиши байналмилалии иқтисодии кишварҳои узви ин иттиҳодия баргузор шавад.

Ин иттиҳодия пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Алмаато, тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад