Кудитогарон аз артиши Исроил кӯмак гирифтанд

Раиси ҷумҳури собиқи Боливия муддаӣ шуд, ки давлати муваққат барои ҳимоят аз худ, аз артиши режеми саҳюнистӣ кӯмак гирифта аст.

Ба гузориши “RT-Арабӣ”, Эво Моралес раиси ҷумҳури собиқи Боливия, ки маҷбур ба истеъфо шуд дар “twitter”и худ навишт: Давлати муваққати кунунӣ барои ҷангидан алайҳи ҷиноҳи мухолиф аз артиши Исроил талаби кӯмак кард. Инқилобиҳо ва кудитогарон тамоюл ба хушунат доштанд. Онҳо ба озодӣ, каромат ва ҳувияяти кишвари худ эҳтиром нагузоштанд ва бо даъват кардан аз як кишвари хориҷӣ барои дахолат дар кишвари худ боиси ҷудоӣ ва тафриқа шуданд.

Ӯ идома дод: Боливия барои ҳалли ихтилофоти дохилии худ ниёзе ба дахолати низомии кишвари дигаре надошт. Мо дар кишваре ҳастем, ки дар он фарҳанги гуфтугӯ ва ошти реша дорад.

Ҳукумати муваққати Боливия дар моҳи ноябр эълом кард, ки ҳозир аст то равобити дипломатик бо режеми саҳюнистӣ барқарор кунад ва равобиташро ҳам бо Амрико истеҳком бахшад ин дарҳоле аст, ки дар даврони Эво Моралес, ин кишвар бо Амрико ва Исроил робитаи хубе надошт.

Моралес дар 10- ми ноябр маҷбӯр ба канорагирӣ аз қудрат шуд ва баъд аз он ҳам роҳии Мексика шуд ва дар онҷо паноҳнда шуд. Ӯ борҳо таъкид кард, ки алайҳи давлати ӯ кудито шуд ва маҷбӯр ба канора гирӣ аз ҳукумат шуда аст.

Эво Моралес, барои чаҳорумин бори паёпай барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии Боливия шуд ва баъд аз он мухолифон дар эътироз ба ин интихоб ба хиёбонҳо омаданд, ки дар ниҳоят, ин эътирозот ҷавоб дод ва мунҷар ба канор рафтани Моралес шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад