Вуруди нерӯҳои рус ба Раққа

Вазорати дифои Русия тасовиреро аз вуруди низомиёни ин кишвар ба шаҳри Раққа ва имдодрасонӣ ба сокинони ин шаҳр мунташир кард.

Вазорати дифои Русия, тасовиреро аз низомиёни рус дар ҳоли даст такон додан бо кӯдакони сурӣ ва холӣ кардани бастаҳои кумакҳои инсондӯстона бо шиори “Русия бо шумо аст” аз пушти мшинҳои борбарӣ пахш кард.

Владимир Варнафский, яке аз коркунони вазорати дифои Русия дар хусуси вуруди низомиёни рус ба  Раққа гуфт, ки низомиёни ин кишвар кумакҳои имдодиро дар ихтиёри сокинони Раққа қарор доданд ва пизишкони артиши Русия низ ба он даста аз мардуми ин минтақа, ки ниёзманди дармон ҳастанд, кумак мекунанд ва онҳоро таҳти мудово қарор медиҳанд.

Яке аз муҳиммтарин пойгоҳҳои низомии Русия пойгоҳи фурудгоҳи Қомишлӣ(Qamishlo) дар устони Ал Ҳасака дар шимоли шарқи Сурия аст. Русия онҷоро таҳти тасаллути комили худ гирифта ва теъдоде болгард ва таҷҳизоти низомӣ аз ҷумла сакӯи падофанди ҳавоӣ ба онҷо мунтақил кардааст. Ин пойгоҳ наздиктарин пойгоҳ ба маҳалли ҳузури Амрико дар устони Ал Ҳасака аст.

Бар асоси тавофуқи ахир миёни Ардуғон ва Путин, дар Сочи шибҳи низомиёни курди Сурия аз 30 километрии марзҳои Туркия дӯр мешаванд ва нирӯҳои пулиси низомии Русия ва Горди марзии Сурия дар тӯли навори мавсум ба амниятӣ мустақар хоҳанд шуд.

Бо истиқрори нирӯҳои низомии Русия дар шимоли шарқи Сурия ва оғоз ба кори нирӯҳои Туркия барои сохти пойгоҳҳои низомӣ дар наздикии шаҳрҳои Раъс Ал-Айн ва Тал Абязи минтақа тақрибан аз ҳузури низомиёни амрикоӣ ба таври комил холӣ шудааст ва ҳузури ин нирӯҳо ба маёдини нафтӣ дар минтақаи Рамилон дар Рифи ал Ҳасака ва дар Дайр ал-Зур маҳдуд мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад