Ороиши шарқӣ дар баробари Трампи амрикоӣ

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯз ба рӯз дар ҳоли аз даст додани баргҳои барандаи худ дар бозии перомуни барномаи ҳастаии Эрон аст ва ҳеҷ рӯзе ҳамчун ин рӯзҳо дар мавзеи заъф қарор нагирифтааст.

Далели ин иддао он аст, ки дар Пентагон ҳушдор додаанд, Эрон қасд дорад, ки поёни соли 2020, яъне замони поён ёфтани таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Эрон, ба таслиҳоти модерн ва аз ҷумла, тонкҳо ва ҷангандаҳои ҷадид даст ёбад.

Бар ҳамин асос аст, ки Эрон бо Русия дар бораи хариди ҳавопаймоҳои ҷангандаи суху– 30, ҳавопаймоҳои ёк – 130, тонкҳои ти– 90 ва системи зиддимушакии ас– 400 ва системҳои мушакии бостиун дар ҳоли музокира аст. Ин эҳтимол низ вуҷуд дорад, ки Эрон бозори техникаи низомии Чинро низ мавриди таваҷҷуҳ қарор дода ва бо шарики чинии худ низ бар сари хариди таслиҳот бари сари мизи музокира бишинад.

Давлати Трамп дар муқобил тамоми талоши худро мекунад то муддатзамони иҷрои таҳрими таслиҳотӣ алайҳи Эронро тамдид кунад. Ин тарс ва воҳимаҳои Амрико ба ҷо аст. Эрон тайи солҳои ахир тавонистааст бо вуҷуди таҳрими густардаи таслиҳотӣ ба пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳ дар арсаи саноеи дифоӣ даст ёбад ва аз сӯи дигар низ манофеи Амрико ва ҳамчунин амнияти режими саҳюнистиро дар ҳавзаҳои мухталиф ҳамчун Сурия дар хатари воқеӣ қарор диҳад.

Дар ҳол ҳозир ба назар мерасад, танҳо роҳи муқобилаи Амрико бо Эрон, эъмоли таҳримҳо аст. Амрико зимни таҳдиди дигар кишварҳо ба эъмоли таҳримҳо, онҳоро аз ирсоли таслиҳот ба Эрон мунсариф мекунад. Як роҳи дигари давлати Амрико қатъи равобити молии Эрон бо дигар кишварҳо аст то аз ин тариқ монеъ аз таҳаққуқи қарордодҳои таслиҳотӣ бо режими Эрон шавад.

Дар ин замина иқдомоти эҳтимолии Русия ва Чин баррасӣ мешавад. Ин кишварҳо аз далоили қонеъкунандае барои муқобила бо қудрат ёфтани беш аз ҳадди шарикони Амрико дар минтақа дар заминаи низомӣ бархурдор ҳастанд. Русия бо Эрон бар сари нуфуз дар минтақа ва ҳамчунин ҷанг бо ДИИШ иттиҳоди стратегиро рақам зад, ки ҳамин сабаб шуд то русҳо майли бештаре бар идомаи ҳамкориҳои низомӣ бар сари эҷоди тавозуни қудрат дар минтақа бо кумаки Эрон дошта бошанд. Чин низ дар сӯи дигари моҷаро аст, ки дар ҷанги тиҷорӣ бо Амрико қарор дорад ва қатъан ба думболи тазъифи бештари Амрико ва манофеи он дар ҷаҳон аст.

Дар ҳамин ҳол дар беҳтарин шароит эҳтимол дорад, ки Чин ва Русия механизмеро барои давр задани таҳримҳои Амрико ва ба хатар андохтани қудрати Амрико дар чорчуби системи молии ҷаҳонӣ биёбанд. Дар ин замина, кишварҳои аврупоӣ системи инстксро роҳандозӣ карданд, ки албатта корсоз воқеъ нашуд.

Ҳол пурсиш ин аст, ки оё тавлидкунандагони русӣ ва чинӣ чунин риске хоҳанд кард, ё не? Трамп ва Помпео тамоми талоши худро мекунанд то ин тавлидкунандагонро таҳти фишор қарор диҳанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад