ДИИШ-ро мо шикаст додем!

Раисҷумҳури Туркия бо иддаои инки кишвараш ба танҳоӣ ДИИШ-ро дар Сурия шикаст додааст, хостори афзоиши ҳимояти НАТО аз Анқара шуд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷмҳури Туркия дар суханоне пеш аз азимат барои ширкат дар нишасти сарони НАТО дар Лондон, хостори афзоиши ҳимоятҳои кишварҳои узви НАТО аз Туркия шуд.

Ӯ дар ибтидо гуфт, ки Туркия узви ҷудонопазир аз НАТО аст ва беш аз бисёре аз кишварҳо аз ин иътилоф ҳимоят кардааст ва наметавон Туркияро нодида гирифт.

Раисҷумҳури Туркия иддао кард, ки бархе кишварҳо талош доранд узвияти Туркия дар НАТО-ро камаҳамият ҷилва диҳанд дар ҳоле, ки Туркия танҳо кишваре буд, ки рӯ дар рӯ бо ДИИШ дар Сурия ҷангид ва тавонист шикасташ диҳад.

Ардуғон бо баёни инки умедвор аст созмони НАТО дар баҳси мубориза бо терроризм бо Туркия ҳамроҳ бошад, гуфт, ки дар нишасти Лондон дар бораи парвандаҳои минтақаӣ аз ҷумла Сурия ва Либия ройзанӣ хоҳад кард.

Ӯ хостори навсозии созмони НАТО бо таваҷҷуҳ ба таҳдидоти мавҷуд шуд ва гуфт, ки НАТО бояд қудрати худро барои муқобила бо таҳдидот афзоиш диҳад то кишварҳои узв маҷбур набошанд ба думболи иътилофҳои ҷойгузин бираванд.

Ардуғон дар идома бо ишора ба баҳси Сурия гуфт, ки бо раҳбарони Англис, Олмон ва Фаронса дар хусуси Сурия гуфтугӯ хоҳад кард ва мавзӯи “минтақаи амн” дар шимоли Сурия дар раъси ройзаниҳои нишасти чаҳорҷониба бо ин се кишвар хоҳад буд.

Раисҷумҳури Туркия гуфт: Агар НАТО гурӯҳҳоеро, ки барои Туркия эҷоди таҳдид мекунанд террористӣ нашиносад, мавзеи худро дар хусуси тарҳи Болтика тағйир нахоҳем дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад