Имзои ду тафоҳумнома миёни Тоҷикистон ва Жопон дар мавриди бозсозии роҳҳо

Вазорати ҳамлу нақли Тоҷикистон ва Ожонси давлатии ҳамкории байналмиллалии Жопон ду тафоҳумнома дар мавриди бозсозии роҳҳои Душанбе-Бохтар то марзи Афғонистонро имзо карданд.

Ба нақл аз хабаргузории Ка-Нюз, дар ин тарҳ нахуст роҳи Душанбе ба Бохтар аз минтақаи Қизилқалъа то маркази вилояти Хатлон бозсозӣ мешавад, ки ҳазинаи он 10 миллион доллар хоҳад буд.
Ҳамчунин дар марҳилаи баъд қисматҳои масири Бохтар то минтақаи Панҷи поён, ки минтақаи сифри марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ба ҳисоб меояд ба таври ҳамзамон анҷоми мараммат хоҳад шуд. Ба ин манзур Ожонси давлатии ҳамкории байналмиллалии Жопон 31 миллион доллар кумаки билоиваз ихтисос хоҳад дод.
Ҳадаф аз иҷроӣ кардани ин тарҳ таъмини амнияти ҳмлу нақли ҷодаӣ дар ин масири муҳим дар ҷануби Тоҷикистон эълом мешавад, ки то марзи Афғонистон идома меёбад. Гуфта мешавад, ки бо бозсозии масири Душанбе-Бохтар то марзи Афғонистон муҷиби афзоиши интиқоли коло миёни ин ду кишвар хоҳад шуд.
Аз сӯи дигар Сафорати Жопон дар Душанбе эълом кард, ки бо кумаки молии 349 ҳазору 970 долларии билоиваз ҳукумати ин кишвар чаҳор тарҳ шомили сохти се мактаби нав ва хариди мошинолоти кишоварзӣ дар навоҳии Турсунзода, Роғун, Нуробод ва Ховалинг ба поён расидааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад