Мувофиқати парлумони Ироқ бо истеъфои нахуствазир

Парлумони Ироқ дар ҷаласаи фавқулодлаи имрӯзи худ бо истеъфои Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири ин кишвар мувофиқат кард.

Намояндагони парлумони Ироқ бо истинод ба аҳкоми моддаи 75 Қонуни асосии ин кишвар, истеъфои Одил Абдулмаҳдӣ аз мансаби нахуствазириро пазируфтанд.

Саъд Ҳадиси, сухангӯи давлати Ироқ эълом карда буд, ки Абдулмаҳдӣ истеъфои худро тақдими парлумон кардааст.

Дар ҳамин бора, Маҷлиси намояндагони Ироқ имрӯз, якшанбе, барои баррасии истеъфои Одил Абдулмаҳдӣ ва барраси ҳаводиси ахири устонҳои Ироқ ба вежа ду устони Наҷаф ва Зиқор ҷаласаи фавқулодда ташкил дод.

Муҳаммад Ҳалбуси, раиси парлумони Ироқ дар суханоне пас аз пазириши истеъфои Абдулмаҳдӣ, эълом кард, ки ба зудӣ бо раисҷумҳури Ироқ барои интихоби нахуствазири ҷадид гуфтугӯ хоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад