Имрӯз ҳамаи дилсӯзони миллату кишвар барои мубориза бо худкомагон бояд муттаҳид шаванд!

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар барномаи шабакаи ПМТ (13/11/2019) дар бораи ҳодисаи мудҳиши куштори минтақаи марзии Тоҷикистону Узбекистон сӯҳбат кард. Қисмати шашуми он тақдим мегардад.

Аммо чӣ бояд кард?
Ҳамватанони гиромӣ, ягона роҳе, ки мову шумо бояд биравем ин аст, ки воқеиятҳоро натарсида бояд гуфт.
Ман намегӯям, ки касоне, ки дар дохили кишвар ҳастанд ва шароити иброз надоранд мисли мо бо ин сароҳат аз сиёсатҳои мақомоти ҷинояткор интиқод кунанд, вале ҳадди ақал бояд шумо ба ин натиҷа ва қаноат бирасед, ки ҳукумат мо ва миллатро ба роҳи хато ва ғалат мебарад.
Инро ҳамаи мо бояд дарк кунем! Ҳадди ақал ҳамаи касоне, ки дилашон барои сарнавиши имрӯзу ояндаи миллату давлат месӯзад бояд дар ин роҳ якҷоя шавем ва дар канори ҳам бошем ва миллатро ба динӣ ва дунявӣ ва ба ҲНИТ, ПМТ, Гурӯҳи 24 ва дигарон ҷудо накунем аз тарафи дигар ҳам шарт нест, ки ҳамаи мо дар як чорчуб ва сохтор бошем.
Ҳамдиёрони азиз, масъалаи иттиҳоди дилсӯзони миллат барои мубориза бо худкомагони ғоратгари ҷинояткор бисёр муҳим аст. Касоне, ки дунболи ҳақиқат, адолат ва Тоҷикистони ободу озод ҳастанд шарт нест, ки ҳама дар як созмон ҷамъ шаванд ва тарафдори опозитсия бошанд ва ҳатто шумое, ки тарафдори Раҳмонов ва ҳукумати феълӣ ҳастед ба фоидаи шумост, ки дар баъзе маворид ҳақиқатро бигӯед. Чаро шарт нест? Агар ПМТ барои шумо маъқул нест ва намехоҳед узви он бошед биёед як қисмати дигари корро анҷом диҳед. Имрӯз он идда аз ҷавононе, ки бо ПМТ нестанд, аммо ҳақиқатро мегӯянд ва фаъолият доранд чӣ зарар карданд? Онҳо ҳам дар ин муборизаи миллӣ саҳми худро мегузоранд. Барои мисол аъзои Гурӯҳи 24 дар баъзе масоил рақиб ва мунтақиди ПМТ ҳастанд, аммо вазифаи худро нисбат ба миллат анҷом медиҳанд ва баъзе иқдомҳои муҳимме мекунанд, ки ПМТ онро анҷом намедиҳад. Баъзе гурӯҳҳо ва афроде ҳастанд, ки ба сурати мустақил ва ҷудо аз чорчубҳои зикршуда бо имконоте, ки доранд дар фазои маҷозӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Ютюб фаъолият мекунанд ва вазифаи худро аҷном медиҳанд. Инҳо миллатдӯсту ватандӯст ҳастанд. Инҳо аввалин вазифаи худро зарба задан ба ҲНИТ, ПМТ, Гурӯҳи 24 ё дигарон намедонанд то баъд сӯроғи ҳукумат бираванд, балки фаҳмиданд, ки имрӯз миллат ва ҷомеа дучори буҳрон ва мушкилот шудааст мо бояд онҳоро бигӯем ва барои ҳалли онҳо саҳми худро гузорем, ҳоло агар ПМТ ё Гурӯҳи 24 ҳам камбудӣ доранд вазифаи мо нест, ки ба инҳо зарба ва зарар бизанем. Баъзеҳо ин шиорро парчам кардаанд, ки то рӯзе шумо ҳастед мо ҳеҷ коре наметавонем бикунем ва ҳеҷ коре фоида надорад, бинобар ин бояд аввал бо шумо мубориза кунем.
Дӯстони азиз, ба назари мо ин андеша ва мавқеи як гурӯҳи заиф аст. Агар касе мушкили худро дар тарафи дигар мебинад бидонад, ки худаш заиф аст. Мо мушкили худро дар тарафи дигар намебинем. Мо мушкилотро дар худ мебинем ва ошкоро бо бурдани ном мегӯем, ки ин мушкилотро чӣ касе бар сари миллат овардааст ва барои он роҳиҳал пешниҳод мекунем.
Бинобари ин ман аз ҳамаи ҳамватанон даъват мекунам, ки дар шабурӯз агар дунболи ин ҳастем, ки барои ҳалли мушкилот ва наҷот аз ин худкомагони ҷинояткор чӣ бояд кард вақти он расидааст, ки бояд ба ин қаноат бирасем, ки вазъи миллатро рӯз ба рӯз буҳронитар мекунанд ва мо бояд ба нуқтае бирасем, ки онро боздорем ва бигӯем, ки бас аст ва дигар иҷозат намедиҳем. Бояд фаъолиятҳои бештаре кард.

Ман даъват намекунам, ки фардо ё пасфардо ба қиёми мардумӣ даст бизанем ва тарафдори ингуна тарҳҳои хом ҳам нестам, балки мехоҳам аз ҳамин имрӯз бо он имконият ва тавоне, ки дорем фаъол шавем ва сухани худро бигӯем ва аз ҳама муҳимтар ин ки завлонаи тарсро пора кунем. Шояд бархе аз дӯстон бигӯянд, ки шумо дар дохил будед чаро он замон нагуфтед ва имрӯз мегӯед? Бояд бидонед, ки дар дохили кишвар ҳам ҳамин ҳарфҳоро мегуфтам ва ҳоло шояд каме сахттар мегӯям, вале аз назари моҳият ҳамонҳое аст, ки он замон ҳам ҳамеша мегуфтем. Аслан ба хотири ҳамин мавқегирӣ буд, ки моро золимона манъ, зиндонӣ, қурбонӣ ва овора кардаанд. Агар намегуфтем ин ҳол набуд. Метавонед дар шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Ютюб сӯҳбатҳои мо дар солҳои 2013, 2014 ва 2015-ро бубинед. Имрӯз ҳам намегӯем, ки шумо ҳам мисли мо ошкоро чунин мавқеъ бигиред то он вақт ҳақоиқро гуфта бошед, вале 50%, 20% ё 1% ва ҳар миқдор ва бо ҳар равише, ки метавонед мисли мо ҳақоиқро баён кунед. Касоне дар дохили кишваранд ва ба мо маълумот мефиристанд ва тамос мегиранд воқеан заҳмати қаҳрамонона мекашанд ва саҳми худро мегузоранд. Муҳим ин аст, ки кор шурӯъ шавад ва тарсро раҳо кунем ва дар фикри ояндаи миллат бошем. То кай мунтазири куштор ва террорҳо ва тарҳи фарзияҳои баъдӣ бошем ва он вақт ба фикри ин бошем, ки чаро чунин шуд ва чӣ касе ҷавобгар аст? Маълум шуд, ки решаи ин мусибатҳо сиёсатҳои палид ва ҷинояткоронаи ҳукумат аст ва мақомоту афроде, ки ин ҷиноятҳоро содир кардаанд бояд ҷавоб диҳанд ва муҷозот шаванд. Чун мавзӯъ хеле васеъ аст ба ҳамин миқдор басанда мекунам.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад