Омодагии Тоҷикистон барои нишасти сарони СҲШ ва конфронси “Об барои рушди пойдор”

Нахустин ҷаласаи Кумитаи созмондеҳии конфронси “Об барои рушди пойдор” ва нишасти сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор шуд. Ба гузориши “Форс”, ҷаласаи мазкур ба раёсати Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон баргузор шуд.

Дувумин даври конфронси “Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди пойдор – 2018-2028» қарор аст, рӯзҳои 18-20 июни соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Тасмими Тоҷикистон дар мавриди ширкат дар даври дувуми ин конфронс дар соли ояндаи милодиро Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар дар чиҳилумин конфронси умумии ЮНЕСКО дар заминаи масоили марбут ба тағйири иқлим дар Порис эълом кард.

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай қарор аст, дар соли 2021 ҳамзамон бо бистумин солгарди таъсиси ин созмон дар шаҳри Душанбе баргузор шавад. Кишварҳои Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистон, Ҳинд ва Покистон аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мебошанд. Кишварҳои Афғонистон, Беларус, Эрон ва Муғулистон кишварҳои нозир дар ин созмон ҳастанд. Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка кишварҳои шарикони гуфтугӯи Созмони Ҳамкории Шанхай мебошанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад