Ду гурӯҳи ифротӣ -ҳукумат ва ДИИШ- аз ноамнӣ ва фазои амниятӣ суд мебаранд!

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар барномаи шабакаи ПМТ (13/11/2019) дар бораи ҳодисаи мудҳиши куштори минтақаи марзии Тоҷикистону Узбекистон сӯҳбат кард. Қисмати дувуми он тақдим мегардад.

Дӯстони азиз, биёед ҳодисаи шашуми ноябрро таҳлил кунем. Мо тарафдор ва вазифадори таъйид ё такзиби фарзияҳо нестем, чун муфаттиш нестем. Вазифаи мо савол гузоштан дар бораи ҳаводис аст, ки чаро чунини шуд ва кӣ барои он ҷавоб мегӯяд. Чаро ин ҳодиса сар зад ва чаро Тоҷикистон ба кишваре табдил шудааст, ки ҳар рӯз террорист тавлид мекунад ё ҳодисаи террористӣ дар он рух медиҳад ва ҳамеша бояд дар ҳоли ҷанг бо терроризм бошад? Чӣ касе аз ин ҳолат манфиатдор аст?
Ҷавоб маълум аст, чун ҳолати буҳронӣ ва фазои амниятии Тоҷикистон ба манфиати ду гурӯҳ ва ду неру аст ва ҳар ду аз назари идеологӣ манфиатдор ҳастанд: яке ифротгароёни дунявӣ, ки ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон намояндаи он аст ва дигарӣ ифротгароёни динӣ, ки равшантарин ва маъруфтарин намояндаи он ДИИШ аст ва дигар гурӯҳҳое, ки мисли он фикр мекунанд. Ин ду гурӯҳ мардуми кишвар ва минтақа ва ҳатто ҷаҳонро мутаассифона ҳамеша террори идеологӣ, маънавӣ ва иттилоотӣ намуда ва бо силоҳу куштор ҷиноят мекунанд, ки намунаи ахири онро рӯзи шашуми ноябр дар Тоҷикистон дидем. Ин ду гурӯҳ дар зоҳир бо ҳам набард доранд, аммо дар амал шарики стратегӣ ҳастанд ва бе якдигар наметавонанд амал кунанд ва давом дошта бошанд ҳоло чӣ дигарон бипазиранду эътироф кунанд ё не.
Ифротгароии дунявӣ бе ифротгароии динӣ ва мазҳабӣ далеле барои вуҷуди худ надорад. Ҳукумати Тоҷикистон барои саркуб ва зиндонӣ кардани опозитсия мисли рӯзноманигорону адвокатҳо ва сиёсатмадорон ва манъ кардани ҳизбҳои фаъоли сиёсӣ ҳеҷ далеле надорад. Ягона баҳонаи ҳукумат барои фишор овардан ба неруҳои мухолифи майли худ ва маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои онҳо таҳти унвони мубориза бо терроризм аст. Ҳукумат аз ин вазъият сӯиистифода мекунад, ки модоме ки хабари терроризм ва ноамнӣ ҳаст дигар шумо ҳақ надоред аз ҳуқуқу озодиҳои инсон, демократия ва мубориза бо корупсия сӯҳбат кунед. Дақиқан ҳамин далелро ҳам ифротгароёни динӣ доранд. Онҳо мегӯянд, ки вақте ифротгароёни дунявӣ ва атеистон бо дин мубориза доранд ва ҳукумати Раҳмони диктатор ошкор бо дини Ислом ва муқаддасоту тиҷорат ва ҳуқуқу озодиҳои мардум мубориза дорад чаро шумо мехоҳед аз тариқи демократия, интихобот ва кори расонаӣ муборизаи мусолиматомез кунед. Ин равиш ҷавоб намедиҳад ва бояд бо ин золимон ва барои берун кардани онҳо аз қудрат танҳо аз роҳи силоҳу равишҳои хашин мубориза кард. Ин ду гурӯҳи идеологии ифротгаро аз ҳолати ноамнӣ ва хушунат манфиатдор ҳастанд. Вақте ҳодисае рух диҳад ҳукумат билофосила ДИИШ-ро масъул эълон мекунад ва ДИИШ ҳам чӣ дар он даст дорад ё надорад онро ба ӯҳда мегирад, чун ба ин гуна овозаҳо ниёз дорад. Шумо ҳам дидед ва шунидед, ки чанд соат баъд аз ҳодисаи рӯзи шашуми ноябр ҳукумат ДИИШ-ро айбдор кард ва онҳо ҳам баъди чанд рӯз қабул карданд. Чаро онҳо эътироф карданд? Шояд даст доштанд ва шояд ҳам бехабар буданд, вале вақте диданд, ки ба ӯҳда гирифтани ин ҳамла ба нафъи онҳост пазируфтанд, чун баъди аз байн рафтани раҳбарашон Абӯбакри Бағдодӣ ниёз доштанд, ки нишон диҳанд ҳанӯз қудрат доранд ва зинда ҳастанд ва ингуна ҳодисаҳоро метавонанд анҷом диҳанд.
Пас дар ин гуна ҳаводиси мусибатбор ягона касе, ки мазлум аст ва қурбониву гаравгони ин ду гурӯҳи ифротӣ шудааст миллатҳо ба хусус миллати мазлуми тоҷик ҳастанд. На танҳо ба чанд хонаводае, ки наздикони онҳо қурбонӣ шуданд зулм шуд, балки ба ҳамаи миллат, мову шумо ва ҳамаи гурӯҳҳои динӣ ва дунявӣ ва тарафдорони ҳукумату опозитсия зулм мешавад. Мо дар маҷмӯъ гаравгони ин ду гурӯҳи ифротӣ шудаем ва худатон мебинед, ки ҳар ду гурӯҳи ҷинояткор бо сарнавишти мо бозӣ мекунанд.

Мардум дигар ба мақомоти дурӯғгӯ бовар надоранд!

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад