Ҳимояти муҷаддади Помпео аз иғтишошот дар Эрон

Вазири хориҷаи Амрико, дар идомаи сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Кохи Сафед бори дигар аз иғтишошот дар Эрон ҳимоят кард ва муддаӣ шуд, дар замони қатъи Интернет аз дохили Эрон барои онҳо филм ва акс ирсол шудааст.

Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико гуфт, ҳудуди 20 ҳазор акс, филм, паём ва ёддошт аз тариқи “Телеграм” аз иғтишошот дар Эрон дарёфт кардаанд.

Вазири хориҷаи Амрико ҳамчунин муддаӣ шуд, бо қатъи Интернет фаъолияти ҳаддиақали иқтисод дар Эрон ҳам қатъ шуд ва ба иқтисоди Эрон ба шиддат зарба зад.

Помпео дар идомаи изҳороти мудохилаҷӯёнаи худ гуфт, “хоҳони тағйир аз даруни ҳукумати Эрон ҳастем ва мехоҳем рафтори ҳукумат иваз шавад”.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳимояти ғарбиҳо аз ҷумла Амрико аз мардуми Эронро дурӯғе шармовар хонд ва гуфт: “режиме, ки бо эъмоли терроризми иқтисодӣ, монеи расидани ғизо ва дору ба мардуми Эрон мешавад, ҳеҷгоҳ наметавонад, иддаои ҳимоят аз мардуми Эрон дошта бошад”.

Бо иҷрои тарҳи ислоҳи қимати бензин дар Эрон аз бомдоди рӯзи ҷумъа 15 ноябр, дар бархе шаҳрҳои Эрон эътирозоти парокандае шакл гирифт.

Ин эътирозот дар бештари нуқот мусолиматомез буд, аммо дар бархе маконҳо бо сӯиистифодаи шуморе арозил ва авбош аз мутолиботи мардум ба бероҳа рафт.

Дар рӯзҳои ахир мардуми Эрони исломӣ бо баргузории роҳпаймоии худҷӯш дар шаҳрҳои мухталиф, ин иғтишошотро маҳкум карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад