Коҳиши шаш сол ҳукми маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров

Муовини раиси Идораи зиндонҳои Тоҷикистон аз коҳиши шаш сол ҳукми маҳкумияти Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи зиндонии тоҷик бар асоси қонуни ҷадиди афви умумӣ дар ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Топ Тҷ, Илҳом Маҳмудов гуфтааст, бо татбиқи қонуни ҷадиди афви умумӣ ба манзури эътои тахфиф ба зиндониён дар Тоҷикистон аз ҳукми 28 сол зиндони Бузургмеҳр Ёров, шаш сол коста шуд.

Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015, дар пайи ба ӯҳда гирифтани ҳимояти аъзои боздоштшудаи ҳизби наҳзати исломӣ (ҲНИТ) ва таъсиси Кумитаи ҳимоят аз аъзои ҲНИТ дастгир шуданд. Додгоҳи шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2016 ӯро бар асоси 5 моддаи Кодекси ҷиноятӣ – қаллобӣ, даъвати оммавӣ ба сарнагун кардани ҳукумат, барангехтани кинаву адоват, даъват ба ифротгароӣ ва сохтакорӣ ба 23 соли зиндон бо мусодираи молу мулк маҳкум кард.

Дар марти соли 2017 ба иттиҳоми таҳқири намояндагони додгоҳ ва додситонӣ ду сол ба ҳабси Ёров изофа шуд. Дар августи соли 2017 низ иттиҳоми таҳқири раисиҷумҳур, се соли дигар ба ҳабси Бузургмеҳр Ёров афзуд ва дар маҷмӯъ ҳукмаш ба 28 сол зиндон расид.

Ин дар ҳоле аст, ки мақомот парвандаи ин вакили мудофеъро иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ унвон кардаанд. Аммо худи ӯ ва тарафдоронаш дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ҳукми Бузургмеҳр Ёровро сиёсӣ медонанд.

Созмонҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башарӣ ва Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон дархост кардаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро аз зиндон озод кунад.

Аз сӯи дигар Ҷамшед Ёров, вакили мудофеи ҳуқуқ ва бародари Бузургмеҳр, ки дар Аврупо ба сар мебарад, гуфтааст, ки мақомоти қазоии Тоҷикистон аз бародараш хостаанд, ки бо навиштани нома, пушаймонӣ ва иқрор ба иттиҳомот заминаи озодии худро фароҳам созад, ки бо мухолифати Бузургмеҳр рӯбарӯ шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад