Исроил ояндаи ҷаҳону минтақаро ба хатар андохтааст

раисҷумҳури Туркия бо интиқод аз сохтори Шӯрои амнияти Созмони Милал, гуфт, ки режими саҳюнистӣ ояндаи ҷаҳон ва минтақаи ғарби Осиёро ба хатар андохтааст.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷмҳури Туркия бо такрори дархости худ барои тағйири сохтори Шӯрои Амнияти Созмони Милал, гуфт ҳеҷ кадом аз аъзои доими ин шӯро, як кишвари мусулмон нестанд, аммо барои тамоми ҷаҳон тасмим мегиранд.

Ардуғон тайи суханронӣ дар Кумитаи иқтисодӣ ва тиҷории Созмони ҳамкории исломӣ, гуфт: “ҷаҳони исломро ба содагӣ фиреб медиҳанд зеро ин кишварҳо наметавонанд монанди оҷурҳои як девор, бо ҳам ҷуфту ҳамоҳанг шаванд.”

Вай бо интиқод аз ишғолгарӣ ва иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ, тавзеҳ дод: “Исроил, ки ҳеҷ эҳтироме ба ҳаққи зиндагӣ, молу кори фаластиниҳо намегузорад, ояндаи ҷаҳон ва минтақаро ба хатар андохтааст.”

Раисҷумҳури Туркия зимни ҳушдори ғайримустақим ба Амрико ва кишварҳое, ки Қудс ишғолиро пойтахти режими саҳюнистӣ дониста ва бо интиқоли сафоратхонаҳояшон аз Телавив ба ин шаҳр мувофиқат кардаанд, изҳор дошт: “онҳое, ки талош мекунанд мероси Байтулмуқаддас, ин шаҳр муқаддас барои се динро чаповул карда ва онҳо марказ тафаккуроти худ қарор медиҳанд, дар иштибоҳи бузурге ҳастанд.”

Ардуғон бо баёни инки сукут дар баробари зулм аст, ки золимро ҷасуртар мекунад, таъкид кард: “Туркия худро мутааҳҳид медонад, ки дар ҳар бистари байналмилалӣ, аз ҳуқуқи бародарон ва хоҳарони фаластиниамон дифоъ кунад.”

Вай ҳамчунин афзуд: “Туркия аз Созмони Милал ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ мехоҳад, ки рӯзи 15 мартро рӯзи ҷаҳонии мубориза бо исломҳаросӣ номгузорӣ кунанд.”

Раисҷумҳури Туркия дар идомаи интиқодот аз сохтори Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, гуфт: “мусулмонон 24 дарсади ҷамъият ҷаҳонро ташкил медиҳанд, аммо як кишвари мусулмон низ узви доими Шӯрои амният нест. Ин системи ғайриодилона набояд идома пайдо кунад.”

Ардуғон бо таъкид бар лузуми эътимоди кишварҳои ҷаҳони ислом ба якдигар ва тақвияти Созмони ҳамкории исломӣ, идома дод: “албатта набояд худамонро фиреб диҳем. Ҳеҷ ҳаққи қазоват барои аъзои ғайри доими Шӯрои амният дар назар гирифта нашудааст. Ҳама чиз ба он панҷ узви доим вобаста аст.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад