Башор Асад: Бағдодӣ воқеан кушта шуда ё на? Ин намоиши Амрикоиҳо аст

Раисҷумҳури Сурия дар мусоҳиба бо нашриае Фиронсавӣ зимни баёни инки мавзӯи кушта шудани саркардаи ДИИШ, намоишномаи Амрикоӣ аст гуфт, бо ҳамаи террористҳо тибқи қонуни мубориза бо терроризм бархурд хоҳад шуд ҳатто ононе, ки Фаронсавӣ ҳастанд.

“Башор Асад” раисҷумҳур Сурия дар гуфтугӯи тоза бо нашрия электронии “Париж мач” (Paris Match) гуфт, ки бо ҳамаи террористҳои ҳозир дар Сурия, тибқи қонун бархӯрд хоҳад шуд.

Асад дар ин мусоҳиба, ки матни комили он фардо мунташир хоҳад шуд, дар посух ба саволе дар бораи инки дар сурати тавофуқ бо курдҳо дар шимоли Сурия, ки ҳудуди чаҳорсад ДИИШ-и бо миллити Фаронсавӣ дар ихтиёр доранд ва Димишқ бо онон чӣ хоҳад кард, гуфт, “ҳар террористе, ки дар манотиқи таҳти контроли давлати Сурия бошад, таҳти қонуни Сурия қарор хоҳад гирифт… Қонуни Сурия дар хусуси терроризм низ равшан аст. Онон дар додгоҳҳои марбут ба ҷароими террористӣ, ба адолат сипурда хоҳанд шуд.

Париж мач пурсид, “Доналд Транп баъд аз қатли Абубакри Бағдодӣ аз Сурия ташаккур кард. Оё шумо иттилооте аз ӯ ба амрикоиҳо додед”, ки Башор Асад гуфт: Намедонам оё тарҳи ин савол муҳим аст ё хайр. Ончӣ бояд пурсид ин аст, ки оё Бағдодӣ воқеан кушта шуда ё хайр? Ин намоишномаи фавқулодае аст, ки амрикоиҳо дуруст кардаанд.

Асад дар посух ба саволи дигар мабни бар инки баъд аз ҳашт сол ҷанг, ки кишваршро нобуд карда ва теъдоди бисёри ҷони худро аз даст додаанд ва ӯ пирӯз шуда оё дар сурати набуди ҳимояти Эрон ва Русия ҷангро мебохт ё хайр гуфт, “ҷанги сахт аст ва аслан чизи соддаи нест. Мо қудрати бузурге нестем. Мо дорем бо ғанитарин ва қавитарин кишварҳои дунё меҷангем. Аммо дар посух ба инки агар ин ҳимоят набуд, ба сӯи таҷзия ё шикасти комил мерафтем, [бояд гуфт] ин савол ба сурати фарз матраҳ аст аммо баъзе вақтҳо ҳатто натиҷаи як бозии теннис, ки ду нафара аст сахт аст чӣ расад ба ҷанге, ки даҳҳо бозигар ва садҳо ҳазор ҷангҷу дорад.

Панҷ сол пеш низ (2014) Париж мач бо Башор Асад гуфтугӯ карда буд. Асад дар он мусоҳиба низ гуфта буд, ки ҷудои аз ҳузури эътилофи Амрикоӣ, артиши Сурия дар ҳар нуқтае аз хоки Сурия бо террористҳо мубориза хоҳад кард. Асад гуфта буд, ки ДИИШ баъд аз ҳузури ишғолгаронаи Амрико дар Ироқ, таъсис шуд ва бештарин террористҳо Аврупое, ки ворид Сурия шудаанд, Фаронсавӣ ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад