Амрико парешон аст!

Мушовири собиқи амнияти миллии Кохи сафед бар ин бовар аст, ки авлавиятҳои амнияти миллии Амрико аз дохили ин кишвар ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Ҷон Болтон мушовири собиқи амнияти миллии Трамп бо нашри сӯҳбати худ дар Твиттер навишт: авлавиятҳои амнияти миллии Амрико аз дохил ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст.

Вай дар идома афзуд: Амрико парешон аст. Душманони мо нестанд. Мо бояд амнияти миллии Амрикоро дар авлавият қарор диҳем.

Вай дар ин бора тавзеҳи бештаре надодааст. Болтон рӯзи ҷумъа барои нахустин бор дар ду моҳи гузашта дар Твиттер кард ва муддаӣ шуд, ки Кохи сафед монеъ аз дастрасии вай ба ҳисоби твиттериаш шудааст.

Трамп ин иддаоро рад карда ва гуфтааст, ки равобити хубе бо Болтон дорад. Бисёре аз таҳлилгарони сиёсӣ бар ин боваранд, ки Болтон яке аз шоҳидони аслии парвандаи истезоҳи Трамп дар парвандаи ҷанҷолии Украин ба ҳисоб меравад. Болтон гуфтааст, ки танҳо дар сурате, ки эҳзор шавад, шаҳодат хоҳад дод.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад