Мушорикати кӯдакон дар ҳамла ба посгоҳи марзии Тоҷикистон

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз мушорикати 13 кӯдак дар ҳамлаи хунин ба посгоҳи марзии ин кишвар дар шаби 7-уми ноябр хабар дод.

Ба гузориши сомонаи “Спутник”, Муҳаммад Саидов дар ҳамоиши “Таҳкими бунёни хонавода – асоси ҷомеаи ҳуқуқӣ” дар шаҳри Душанбе гуфтааст, ки дар ин ҳамла 9 мард, 11 зан ва 13 кӯдаки ноболиғ мушорикат кардаанд, ки синни онон аз 4 то 15 сол будааст. Бар асоси суханони намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, бештари ин афрод сокинони вилояти Суғди ин кишвар будаанд, ки аз хонаводаҳои сарватманд ба шумор мераванд. Вай афзуд, арзиши дороиҳои Шуҳрат Ғафуров, саркардаи гурӯҳи муҳоҷим ба посгоҳи марзии мавсум ба “Ишқобод” як миллион сомонӣ баровард шудааст, аз ин рӯ наметавон гуфт, ки ин афрод ба далели фақру ниёзи молӣ ба гурӯҳи террористии ДИИШ пайвастаанд.

Пас аз ҳамлаи хунин ба посгоҳи марзии Тоҷикистон мақомоти амниятӣ ва интизомии ин кишвар теъдоди куштаҳои нерӯҳои ҳукуматиро ду нафару талафоти муҳоҷимонро 15 тан эълом карда буданд. Аммо манобеи хабарии мустақил, бар асоси баргузории маросими ҷанозаи низомиёни кушташуда дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, шумори талафоти марзбонон бо эҳтисоби ҷасади як нерӯи пулиси минтақаро 6 нафар унвон карданд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамла ва куштани 10 низомии тоҷик дар посгоҳи марзи Тоҷикистонро бар уҳда гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад