Таъкиди Телавив ба идомаи сиёсати террор

Артиши режими саҳюнистӣ барои кам кардани мизони таҳқир дар баробари амалиёти ракетии ҷиҳоди исломӣ ва пазириши оташбаси аҷулона бо Ғазза, муддаӣ шуд бо таваққуфи террори ҳадафманди фармондеҳони муқовамат мувофиқат накардаанд.

Мақомоти низомии аршади режими саҳюнистӣ иддао мекунанд дар тавофуқи оташбас бо гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ ва Навори Ғазза, қавле барои поёни террори фармондеҳон гурӯҳҳои муқовамати фаластинӣ дар ин минтақа надодаанд.

Дар ин бора як мақоми аршади Исроил гуфт: “мо ба ҳеҷкас қавл надодем, ки аз террорҳо парҳез мекунем. Ҳар касе, ки ба тарафи мо шиллик кунад ё қасди онро дошта бошад, ҳазф хоҳад шуд.”

Дар ҳоле, ки шаҳракҳои саҳюнистнишини ҷануби Фаластини ишғолӣ ба муддати 50 соат зери борони садҳо фарванд ракети муқовамат буд, аммо ин мақоми олирутба муддаӣ шуд: “бар хилофи чизе, ки дар расонаҳо нишон дода шуд, ҷиҳоди исломӣ касе аст, ки ба сӯроғи Миср рафт то оташбасро миёнҷигарӣ кунад. Онҳо шароите эълом карданд, аммо ҳеҷ аҳамияте барои мо надоранд.”

Даргириҳо дар Навори Ғазза баъд аз ҳамлаи субҳи рӯзи сешанбе режими саҳюнистӣ ба манзили маскунии Баҳо Абулато аз раҳбарони ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ ва шаҳодати вай ва ҳамсараш оғоз шуд. Дар ҳамлаи дигаре, режими саҳюнистӣ ба Димишқ тане чанд аз аъзои дафтари сиёсии ҷиҳод исломӣ ба шаҳодат расид.

Артиши ин режим дар бораи таҳаввулоти рӯзи дувуми даргириҳо бо Ғазза гуфт, ки аз соати ҳашти субҳи имрӯз ҳудуди 350 ракет ба самти заминҳои ишғолӣ шиллик шуда ва ҷиҳоди исломӣ ба таври миёнгин тайи 27 соати гузашта, ҳар ҳафту ним дақиқа як ракет партоб кардааст.

Аммо рӯзи панҷшанбе артиши режими саҳюнистӣ бо судури баёнияе аз тан додани Телавив ба оташбас бо гурӯҳи ҷиҳоди исломӣ баъд аз 50 соат ракетборон шудани манотиқи саҳюнистнишини Навори Ғазза хабар дод.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад