Теҳрон мизбони канфронси байналмиллалии Ваҳдати исломӣ

Сивусеввумин канфронси байналмилаллии Ваҳдати исломӣ бо шиори Ваҳдати уммати ислом дар дифоъ аз масҷидалақсо имрӯз ( панҷшанбн ) дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

дар ин ҳамоиши байналмиллалӣ ,ки бо ҳузури 400 нафар аз шахсиятҳои сиёсӣ, андешмандон ва донишгоҳиён аз 90 кишвари ҷаҳон ҳузур доранд, муҳимтарин масоили рӯзи ҷаҳони ислом баҳс ва баррасӣ мешавад. Дар сивусеввумин канфронси байналмиллалии Ваҳдати исломӣ ,10 баргузида тақриби муарифӣ хоҳад шуд ва аз 5 шахсияти барҷастаи тақрибии байналмиллалӣ таҷлил мешавад. Дидори меҳмонони канфронс бо раҳбари ҷумҳурии Исломии Эрон, рӯнамоӣ аз фарши муқовимат , барпоии намоишгоҳи дастовардҳои тақрибӣ , таҷлил аз мақоми шуҳадои муқовимат бо мавзуи истикборситезӣ ва такрим аз бонувон ва ҷавонони фаъол дар ин арса аз барномаҳои 33 уми ҳамоиши Ваҳдати исломӣ аст. Дар канфронси Ваҳдати исломӣ ,4 камисиюн ва 16 нишасти тахасусӣ баргузор мешавад ,ки вижагии шохиси онҳо таваҷуҳи вижа ба ҷавонон ба хусус ҷавонони ҳавзаи муқовимат аст. Меҳмонони 33 умин канфронси байналмиллалии Ваҳдати исломӣ шаби гузашта ( чоршанбе ) бо ҳузур дар ҳарами мутаҳари имом Хумайнӣ (р) ба мақоми шомихи бунёнгузори кабири ҷумҳурии исломии Эрон адои эҳтиром карданд. 33 умин канфронси байналмиллалии Ваҳдати ислмӣ то ду рӯзи дигар ба фаъолияти худ дар Теҳрон идома медиҳад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад