Ҳизбуллоҳи Лубнон ва муқобила бо фишорҳои Амрико

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ зимни таъкид ба нақши пурранги Вашингтон дар ҷилавгирӣ аз рушди иқтисодии Лубнон, барои истодагӣ дар баробари фишорҳои молии Амрико ба ҷойгузинҳое ишора кард.

Бо вуҷуди таъкиди Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ бар вобаста набудани ройзаниҳо барои ташкили давлати ҷадид дар сояи буҳрони кунунӣ ба вежа пас аз истеъфои Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири пешбурди умур Лубнон, дар ҳоли ҳозир дари гузинаҳои ҷойгузини давлатӣ ва иқтисодӣ дар чорчӯби истифода аз таҳаввулоти ахири кишвар ва тасмимгириҳои дақиқ дар ин хусус боз аст; гузинаҳое, ки расидан ба онҳо дар шароити оддӣ мумкин набуд.

Давоми рӯзҳои гузашта, талошҳои мустақими Амрико барои мавҷсаворӣ бар эътирозоти мардумии Лубнон фош шуд; ба вежа бо иддаоҳои Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Амрико дар хусуси кӯмак ба лубнониҳо барои раҳоӣ аз нуфузи Эрон дар ин кишвар! ин иддаоҳои воҳии вазири хориҷаи Амрико ба маънои он аст, ки Вашингтон мехоҳад ангушти иттиҳомро ба сӯи Ҳизбуллоҳ бигирад; аммо Сайидҳасан Насруллоҳ дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар ҳамон суханронии аввали худ пас аз оғози эътирозот, нисбат ба мавҷсавории амрикоиҳо ҳушдор дод ва дар суханронии дувуми худ низ бо таъкид ба зарурати сӯҳбат аз нақши Амрико дар ҷилавгирӣ аз хуруҷи Лубнон аз буҳрони молӣ ва иқтисодӣ, ба ин мавзӯъ пардохт.

Аммо Насруллоҳ дар суханронии севуми худ пас аз оғози эътирозот, тасмим гирифт то бо таваҷҷӯҳ ба инки натоиҷи ҳамаи ройзаниҳои давлатӣ ҳикоят аз талош барои кудато зидди натоиҷи интихоботи ахири парлумонӣ аз як сӯ ва канор гузоштани Ҳизбуллоҳ аз давлат аз сӯи дигар аст, аз ин сатҳ фаротар равад.

Аз ин нигоҳ, комилан равшан буд, ки дабири кулли Ҳизбуллоҳ мехост як паёми муҳим ба мӯътаризон бидиҳад, ки унвони аслии он ин буд, ки душмани шумо Амрикое аст, ки монеи ҳаракати чархаи иқтисодии Лубнон мешавад, на Ҳизбуллоҳ ё Эрон. Сайидҳасан Насруллоҳ ҳамчунин бо сӯҳбат аз гузинаҳои ҷойгузини иқтисодӣ дар Лубнон, ки шомили ширкатҳои чинӣ ва русӣ ва эронӣ буда ва дар натиҷаи ветуҳои маъруфи Амрико аз сармоягузорӣ дар Лубнон маҳрум мешаванд, ба талошҳои Амрико барои ҷилавгирӣ аз пешрафти иқтисодии Лубнон ишора кард.

Дар айни ҳол Сайид Насруллоҳ ишора кард, ки Сурия ва Ироқ низ ба шакли асосӣ ҷузви ҷойгузинҳои иқтисодии Лубнон аст, ки Амрико боз ҳам монеи истифодаи лубнониҳо аз фурсати бузурге, ки пеши рӯ доранд, чӣ дар бозори густардаи Ироқ ва чӣ амалиёти бозсозӣ дар Сурия мешавад.

Бар асоси ин таҳлилҳо ба як муодилаи равшан мерасем, ки дабири кулли Ҳизбуллоҳ мехост онро бигӯяд. Ин муодила ин аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба талошҳо барои эҷоди кудатои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Лубнон дар сояи фишорҳои мавҷуд зидди аксарияти парлумони кунунӣ, миёни як давлати мустақили воқеӣ ва ҷойгузинҳои иқтисодии мазкур иртибот эҷод кунад. Албатта ин муодила ҳамчунон дар сатҳи як гузина аст ва ба марҳалаи тасмимгирӣ нарасидааст ва эҳтимолан ин баргае аст, ки Ҳизбуллоҳ мехоҳад онро нишон диҳад.

Бинобарин метавон гуфт, ки паёми ин рӯзҳои дабири кулли Ҳизбуллоҳ бар ин асос буд, ки дар канори истифода аз эътирозоти мардумӣ дар чорчуби амалиёти мубориза бо фасод, ин воқеият нуҳуфтааст, ки Ҳизбуллоҳ ҳеҷгоҳ таслими хостаҳои Амрико намешавад то Вашингтон аз эътирозоти мардумӣ барои кудато зидди муқовамати Лубнон истифода кунад.

Дар воқеъ чашмандози Сайидҳсан Насрулло ҳаракат ба самти як давлате буд, ки битавонад дар баробари хостаҳо ва фишорҳои Амрико истодагӣ кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад