Ҳамчун вакил тамоми дороиҳоямро қонунӣ нишон дода будам!

Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар барномаи шабакаи ПМТ (1/10/2019) ба саволҳои бинандагони барнома посух гуфт.

Абдусаттор Бобоев муҷрии шабакаи ПМТ: Шумо бо Иззат Амон чӣ робита доред? Мегӯянд, ки ӯ худро шогирди шумо меҳисобад. (Беном)
Ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ: Ман Иззат Амонро ҳамчун тоҷики ҷавонмард ва мубориз мешинохтам ва мешиносам, вале ин ба маънои ин ки ӯ узви ҲНИТ ё ПМТ ё рақиби мо ё кадом ҳизби дигар бошад нест. Ишон яке аз муборизон аст ва вақт нишон хоҳад дод, ки талошҳояш ба қуҷо мерасад албатта мо барои ишон ва ҳамкоронаш барори кор ва муваффақият мехоҳем. Бале мо дар ҷойҳое ҳамкору ҳамроҳи мо буда барои кӯмак ба мо хеле заҳмат кашидаанд ва мо ҳам миннатдор ҳастем, аммо инак онҳо роҳу равиши худро доранд. Хеле шаффоф ва ошкор мегӯям, ки ҳар ҷо ба хотири миллат ва ояндаи давлатамон лозим донистем мисли дигар неруҳо ва ҳаракатҳои мубориз ба ӯ кӯмак хоҳем кард ва ҳамчунин агар лозим донистем аз ӯ кӯмак мехоҳем.
Кабирӣ, ҷои кор надорӣ пас даромади зиндагият аз куҷо таъмин мешавад? Оё иғвогарӣ ва бадгӯӣ манбаи даромад аст? (Хоҷаев)
Дӯсти азизам, иғвогарӣ манбаи даромад нест. Шумо медонед, ки Худоро шукр аз аввале, ки ба майдони сиёсат ворид шудам имконот ва тавонмандиҳои иқтисодии хубе доштам ва шояд аввалин вакили Маҷлиси намояндагон будам, ки тамоми дороиҳои худро дар декларатсия нишон додам ва ба хотир ҳамин маро аз дафтари раёсатҷумҳурӣ ва парлумон бори дигар санҷиданд ва дар расонаҳо ҳам гуфтанд, ки аз ҳама сарватмандтарин вакили Маҷлиси намояндагон аст, чун тамоми дороиҳои худро пеш аз ворид шудан ба сиёсат ва раиси ҲНИТ ва вакили парлумон шудан ошкор карда будам. Имрӯз чаро мегӯед, ки ман кор надорам! Оё ин фаъолиятҳо кор нест? Ман раҳбари ПМТ ва раиси ҲНИТ ҳастам ва табиӣ аст, ки ин ҳам кор аст ва ҳам хароҷот дорад ва ҲНИТ ва ПМТ на танҳо ман, балки дигар масъулони худро кӯмак ва пуштибонӣ хоҳад кард. Аз ин ки ба фикри зиндагӣ ва маоши ман ҳастед ташаккур мекунам, вале худро ба ин машғул накунед. Агар тавонед ба мо кӯмак кунед, вагарна бидонед, ки Худоро шукр дар ин масъала мушкил надорем.
Андешаи шумо дар бораи Муҳаммадалӣ Ҳайит чист? (Фед Эбеев)
Ман Муҳаммадалӣ Ҳайитро ба тамоми маъно қаҳрамон медонам. Пештар гуфтам, ки агар мо таърихзада ва таърихпараст намебудем ва қаҳрамонони худро аз ҳисоби мурдагону афсонаҳо ҷустуҷӯ намекардем беҳтарин намунаи тоҷики қаҳрамону сарбаланду бономусу мубориз Муҳаммадалӣ Ҳайит аст. Агарчӣ ишон муовини ман буд ва аз ман итоат мекард ва то имрӯз сарсупурдагии худро исбот кардааст, ман дар мубориза Муҳаммадалӣ Ҳайит ва ҳамаи бародаронеро, ки дар зиндон бо ҳамаи фишору шиканҷа ва зуроварӣ ҳозир нашуданд ҳатто як калима зидди мо бигӯянд устоди худ медонам. Ин дар ҳоле аст, ки агар ба шароити ҳукумат розӣ мешуданд аз зиндону шиканҷа озод мешуданд, аммо ҷавонмардона истоданд. Бинобар ин ба тамоми маъно устод Муҳаммадалӣ Ҳайитро қаҳрамони миллии тоҷикон медонам.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад