Решаи терроризм дар Тоҷикистон фаъолиятҳои зиддидинии давлат аст!

Ҳамлаи ахир ба як посгоҳи марзӣ дар Тоҷикистон ба далели додани иттилооти зидду нақиз бо ибҳомоти бисёре рӯбарӯ будааст. Ин ибҳомот таҳлили моҷаро, таҳдидоти воқеӣ, фарзӣ ва масоили ҷонибии онро душвор кардааст.

Бо ин ҳол, ҳамчунон дар порае аз маворид иттифоқи назар миёни таҳлилгарон вуҷуд дорад. Ин масъала бештар ба решаҳои аслӣ ва заминаҳои калидии гароиш ба ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ва улгуҳои рафтории давлати Тоҷикистон дар бархурд бо падидаи «терроризм» бозмегардад. Дар ҳамин замина, мусоҳибае бо оқои Иззат Амон, аз фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик анҷом шуд. Доираи аслии фаъолияти ишон масоили марбут ба ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия аст ва ӯ дар марҳилаи таъсиси як ҳизби сиёсӣ мебошад. Инак мусоҳиба тақдим мегардад.
Дар мавозеи давлати Тоҷикистон дар қазияи ҳамлаи ахир, навъе саросемагӣ ва дастпочагӣ мушоҳида шуд, ки дар қолабҳои мухталифе ошкор шуд. Аз тарафи дигар ба назар меомад, ки давлат комилан омода будааст. Чаро мавзеи давлат чунин буд? 
Бале, фикр мекунам ҳамлае, ки сурат гирифт, ҷониби Тоҷикистонро каме ғофилгир кард. Аз тарафе ҳам дуруст аст, ки онҳо дар воқеъ мунтазири ҳамла буданд. Чанд вақт пеш раиси шӯрои амнияти миллии Русия, оқои Патрушев дар Тоҷикистон буд ва бо оқои Раҳмон ҳам дидоре дошт ва пас аз дидору сӯҳбат бо раисҷумҳур, изҳороте дошт, ки мегуфт хатари ҳамла вуҷуд дорад ва имкон дорад, ки дар рӯзҳои наздик чунин ҳамлае сурат бигирад. Албатта таҳлилгарон ин изҳороти Патрушевро тамасхур карда гуфтанд, ки аз ин қабил изҳорот зиёд шуда ва ДИИШ низ коре ҳам накардааст, аммо дар ниҳоят мо ва шумо шоҳид будем, ки чунин хатаре вуҷуд дошта ва ҳамлае низ сурат гирифтааст.
Оё иртиботе миёни ин ҳамла ва ҳамзамонии сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо ва ё рӯзи қонуни асосӣ вуҷуд дорад? 
Фикр намекунам ҳамла иртиботи хоссе бо мақтаи замонии он, яъне дар миёнаи сафари оқои Раҳмон ба Аврупо ва дидораш бо сарони кишварҳои аврупоӣ ва ё рӯзи 6 ноябр, рӯзи қонуни асосии Тоҷикистон дошта бошад, чунки рӯзи дақиқи гузаштани аъзои ДИИШ аз марзи Тоҷикистон дақиқ нест. Чун мақомот чанд рӯзро гуфтаанд, ки гӯё 3 рӯз пеш аз марз гузашта ба Тоҷикистон даромаданд. Ҳарфҳое ҳам зада шуд албатта, ки итминон ба сиҳату диққати онҳо нест. Дар кул гумон накунам ҳамлаи ДИИШ дар Тоҷикистон хос ба сафари оқои Раҳмон ба Аврупо ё рӯзи қонуни асосӣ рабте дошта бошад. Чун тибқи маъмул ДИИШ ва ё ҳар ташкилоти террористии дигар, вақте шароиташон омода шуд ҳамла мекунанд ва мунтазир намешинанд.
Ҳамаи таҳлилгарон иттифоқи назар доштанд, ки маншаи иттилооти зидду нақизи мунташир шуда дар ин ҳодиса давлат буда. Оё ин сиҳҳат дорад?
Бале, яке аз ин маворид шумори кушташудагон ва шуҳадо аст. Дуруст баъд аз ҳамла, давлат ва мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки 2 нафар тавассути террористҳо ба қатл расидааст. Бо ин ҳол, имрӯз маълум шуд, ки 2 нафар набудаанд ва ҳудуди 6 нафар будаанд. ДИИШ ҳам гуфтааст 10 нафар будаанд. Маълум шуд, ки шумори террористҳо ҳам на 15-20 нафар, вале бештар аз ин будаанд. Гуфта мешавад, ки 15 нафар кушта шуда ва 5 нафар дастгир шудаанд, баъд маълум шуд, ки миёни онҳо занҳо ҳам буданд.
Дар ин муддат, изҳороти зидду нақиз аз ҷониби мақомоти марбута, яъне Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллӣ пахш шуд, ки ҳеҷ санаде надоштанд. Бубинед аҷоиб буд, ҳеҷ кас имрӯз намефаҳмад, ки чаро мақомоти амниятии тоҷик чунин маворидеро мунташир карданд? 
Баъд аз онки ҳамла сурат гирифт, аксҳое ҳам дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд. Баъд рӯзноманигорон эрод гирифтанд, ки чаро дастони аҷсоди сӯхташуда, бо банд баста шуда буд ва мо саҳнаеро мушоҳида кардем, ки имкон надошт баъд аз ҳамла боқӣ бимонад. Ё як мошине буд, ки аслан осеби хоссе надида буд ва мошини ақиб комилан сӯхта буд. Ҷасадҳо ҳам, ки ҳар кадом ба тарафе партоб шуда буданд. Онҳо мегуфтанд 15 нафар, аммо дар аксҳо дидем, ки ниҳоятан 2-3 нафар буданд. Дар кул саволоте аз сӯи рӯзноманигорон нисбат ба интишори ин аксҳо пайдо шуд.
Нуктаи ҷолиби диққати дигар ин буд, ки пас аз пайдо шудани саволот аз сӯи рӯзноманигорон, ин аксҳо ва хабарҳо аз сайти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон пок шуданд ва онҳоро бардоштанд ва дигар ҳеҷ изҳороте надоданд.
Яке аз саволоти ҷиддии таҳлилгарон, тафовути улгуи ин ҳамла бо ҳамалоти пешини ДИИШ дар зиндонҳои Хуҷанд ва Ваҳдат буд. Назари шумо дар ин бора чист?
Бубинед, он чизе, ки шумо роҷеъ ба вақоеи даҳшатноки зиндонҳои Ваҳдат ва Хуҷанд гуфтед, инҳо қазоёи машкуке ҳастанд ва ман гумон намекунам, ки ДИИШ дар зиндонҳои Тоҷикистон нуфуз дошта бошад ва битавонанд дар онҷо коре анҷом диҳад. Гумон мекунам дар ду зиндони мазкур низ қазия муртабит ба мушкилоти иҷтимоии зиндониён буд. То ҷое, ки мо иттилоъ дорем, шароит дар зиндонҳои мазкур ба ҳадде бад аст, ки қобили тасаввур нест. Бинобар ҳамин ҳаводиси зиндони Хуҷанд ва зиндони шаҳри Ваҳдат, ки дар он фаъолони сиёсӣ шаҳид шуданд, ҳеҷ рабте ба ДИИШ ва фармондеҳони он надорад.
Шумо агар хабар дошта бошед, вақте ки аз зиндони Хуҷанд мехостанд шуморе аз зиндонёнро ба Душанбе интиқол диҳанд, 16 нафар ба таври мармузе кушта шуданд. Албатта ҳукумат гуфт, ки онҳо ноне хӯрда буданд, ки олуда ва саммӣ буд ва дар натиҷаи таъсири он нон буд, ки онҳо кушта шуданд. Вале ба ин мавзӯъ ҳам камтар касе бовар дошт. Воқеан ҳам сето нонро байни 16 нафар тақсим карданд ва аз заҳри даруни он нон ҷони худро аз даст доданд! Бовараш каме сахт аст.
Идома дорад
Бознависӣ аз хабаргузории Тасним

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад