Вокуниши Ҳамоси Фаластин ба ҷинояти режими саҳюнистӣ

Ҳамоси Фаластин дар баёнияи худ таъкид кард, ки ҷиняти Исроилро бепосух намегузорад.

Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин (Ҳамос) бо судури баёнияе таъкид кард: шаҳодати Баҳо Абулато, яке аз фармондеҳони шохаи низомии ҷиҳоди исломии Фаластин ба ҳамроҳи ҳамсараш бепосух нахоҳад монд.

 Ҷунбиши Ҳамос дар ин баёния, шаҳодати фармондеҳи муҷоҳид Баҳо Абулато, аз фармондеҳони аршади Сароё Қудс,урдонҳои Қудс) шохаи низомии ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ва ҳамсараш дар минтақаи Шуҷоияи Ғаззаро тасалият гуфт.

 Манзили Абулато, бомдоди рӯзи гузашта тавассути ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт ва дар ин ҳамла фармондеҳи гурдонҳои Қудс ва ҳамсараш ба шаҳодат расиданд ва ду фарзанди вай низ ба шиддат захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуданд.

 Ҳамос дар ин баёния бо ишора ба инки режими саҳюнистӣ масъули тамоми паёмадҳои вобаста бо ин ҷиноят хоҳад буд, таъкид кард: масири ҷиҳод ва муқовамат идома дошта ва афзоиш меёбад ва ин ҷиноят бепосух нахоҳад монд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад