Абубакр ал-Бағдодӣ маъмури Амрико буд

Раисиҷумҳури Сурия гуфт, Амрико фақат бо тарафҳое канор меояд, ки битавонанд сиёсатҳои Кохи Сафедро иҷро кунанд.

Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия дар гуфтугӯ бо шабакаи Russia Today, ки рӯзи душанбе машрӯҳи он пахш шуд, бо баёни ин ки Абубакр ал-Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳаки терристии ДИИШ, маъмури Амрико буд афзуд, Амрико дар ҳоле муддаии кушта шудани Усома бин Лодан ва Абубакр ал- Бағдодӣ аст, ки аҷсодашонро нишон намедиҳад.

Башор Асад гуфт, Амрико дар ҳоле дар талош аст то худро муддаии мубориза бо террористҳо муаррифӣ кунад, ки ин кишвар аз соли 2014 шарики террористҳои ДИИШ дар ғорати нафти Сурия аст.

Раисиҷумҳури Сурия бо баёни ин ки исроилиҳо душманони мардуми минтақа ҳастанд, тасреҳ кард, режими саҳюнистӣ бахше аз сарзамини Сурияро ишғол кардааст ва ба ҳамин далел дар ҳар раванде, ки ба зарари Сурия бошад, ширкат дорад.

Башор Асад ҳамчунин бо ишора ба дур будани расонаҳои ғарбӣ аз воқеъгароӣ таъкид кард, суботи кунунӣ дар Сурия, ҳосили ҷонфишонии беш аз 100 ҳазор сарбози сурӣ аст, ки кушта ё захмӣ шудаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад