Бақои мамлакат андар вуҷуди як шарт аст…

Худкомагон барои идомаи ҳокимияти ноҳаққи худ ва бартарӣ бар мардумонашон ҳамагуна роҳҳои зӯровариро барои пойдории қудрат ва чашондани таъми он ба касони худ истифода мебаранд ва халқу мамлакат дар назари онҳо асос надорад.

Барои оғози сухан беҳтар донистем баҳсро за мардуми ранҷдида шурӯъ кунем; бояд қабул кард, ки ҷумҳруии моро як буҳрони ҳувияти миллӣ фарогирифтааст; бар асоси гузоришҳои расмӣ дар нӯҳ моҳ 9000 ариза барои кӯч бастан аз биҳишти ормонии ҳокимон ба Русия навиштаанд. Боз ягон кишвар ҳаст, ки мисли Тоҷикистон шаҳрвандонаш дар як моҳ ҳазор ариза барои кӯч бастан ба Русия аз ватани маҳбуб навишта бошад!? Он вақт аст, ки ингуна кишвар ба мисли Тоҷикистон пайдо хоҳад шуд, ки як теъдод худхоҳ ва дар раъси онҳо мақомоти сиёсӣ-супоришӣ ва ҳокими давлатӣ бошад! Он вақт ингуна кишвар ба мисли Тоҷикстон пайдо хоҳад шуд, ки мисли раиси КДАМи-и сархур раиси амнияти кишвар бошад! Он вақт ингуна кишвар пайдо хоҳад шуд, ки ҳукуматдоронаш ба мисли ҳукуматдорони тоҷик пушт ба хатти аҷдодони худ ва пушт ба ҳувияти миллии худ карданд ва ин арзишҳо барояшон муқаддас нест!

Тоҷикистону тоҷикон бо ин пешвову пасвоҳо болотар аз буҳрони ҳуввияти миллӣ гирифтор аст, ки охири он бадтар аз фоҷиаи миллӣ аст!

Инҳо ҳама нишондиҳандаи аҳамият надодан ба ҳуқуқи қонунии шаҳрвандони кишвар аст, ки ҳоло дар мавриди назари мо мақомоти хурду кулони Тоҷикистон аст, ки мардуми худро ба гушаву канори дунё натанҳо овора кардааст, балки рӯи ранҷу заҳмат ва кору талошҳои вазнину шабонарӯзии онҳо ба рағми тамоми сахтиҳо чашми тамаъ дорад, чароки ин навъи мардумони тоҷик ҳастанд, ки ҳоло солҳо мешавад, ки ҳарчанд барои гузарондани рӯзгор ва осоиши аҳлу оилаи худ бисёр ранҷҳоро ба дӯш мекашанд, аммо мақомоту ҳокимони имрӯзаи сарзамини мо ин ҳама дарди муҳоҷиронро мебинанду боз дил хуш карданд ба ғорати заҳмати дасти ин мардуми муҳоҷир, ки ҳар шаб хаставу кӯфта аз кор дар хаёли хуши ободии фардои кишвар ба хоб мераванд, аммо дареғ аз онки кишвар на обод, балки дар набуди муҳоҷирони ватандӯст ва вуҷуди мақомоти ватанфурӯш замини кишвар, ки нишони номуси ҳокимон мебошанд ба бегонагону ҳамсоягон фурӯхта мешавад.

Ба яқин дар ҳар кишваре, ки ҳокимони он ба мардумаш зулму ситам раво медорад осоишу зиндагии роҳат аз он диёру мардумонаш рахт мебандад ва ин бадномӣ, кина ва душманӣ аст, ки тухмашро дар хоки он сарзмин мепошад ва рафта-рафта бедорӣ ва ҳушёрии мардум сари завқ меояду бори огоҳиашон бештар мешавад ва баробари он шаъну ҷойгоҳ ҳоким дар нигоҳи мардум дуртару пасттар мешавад ва бадномиву кина ҷои мақоми қабули ҳокимятро мегирад ва он вақт аст, ҳокимият фурӯ пошида мешавад.

Раёсат ба дастони касоне хатост,

Ки аз дасташон дастҳо ба Худост

Ин як ҳушдор аст, ки Худованд ёри бечорагон аст; ҳамон бечорагону ситамдидагоне, ки ҳарифи қудратмандону ҳокимони зӯргӯ, поймолкунандагони ҳуқуқи мардуму пойдоркунандаи мақоми ноҳаққи худ намешавад. Бояд донист, ки асоси ҳокимият ва давлатдорӣ, ин раъият (мардуми омма ва зердастон) аст, ки агар ин раъият норозӣ бошад давлат сар ба фалак мегузораду роҳи пасу пеши худро ташхис намедиҳад. Ба назар мерасад дар шароити феълӣ Тоҷикистон барои халосӣ аз ин бӯҳронҳо ба як суботи дохилӣ ниёз дорад ва ин суботи дохилӣ дар сурате ҳосил мешавад, ки ки байни ҳукумат ва раъият, ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми тарафайн вуҷуд дошта бошад. Агар ғайри ин бошад, раъияти ситамдида чорае ҷуз қиём барои озодӣ ва дар ҷиҳати талаби ҳуқуқи қонунии худ надорад ва он вақт аст, ки мардуми тоҷик ба дод омада ва ҳаркадом ҳамчун як додхоҳ ханҷар ба рӯи худхоҳ мекашад.

Аз шикасти шишаи соҳибдилон андеша кун

Шишаро гар бишканӣ, ҳар зарраи он ханҷар аст.

Саъдии ширинсухан пойдории ҳокимиятро дар вуҷуди як шарт медонад:

Бақои мамлакат андар вуҷуди як шарт аст

Ки дасти ҳеҷ қавӣ бар заъиф нагуморӣ

Ҳокими мамлакат агар мехоҳад дили осуда дошта бошад бояд дили дардмандон зи банд бароварад ва дар ғайри ин парешонхотирии додхоҳ подшоҳро аз қудрат барканор мекунад ва дар он мамлакате, ки заъиф аз қавӣ боркаш бошад хоби хуш бар он подшоҳ ҳаром аст.

Ин сагдилон, ки хидмати айём мекунанд
Бо ваъда халқи соддаро ором мекунанд
Балъида хакки халқро ҳамчун наҳанги хор
Худро начотбахши халқ эълом мекунанд
Дар коми хеш мекашанд амволи халқро

Халқи ситамкашидаро ноком мекунанд

Пур карда чайби халқро аз чормағзи пуч
Дар чайби худ пиставу бодом мекунанд
Хар ваъдаро бо чоми май анчом медиханд
Халқи балорасидаро сарсом мекунанд
Аз баҳри некномию худкомагии хеш
Моро ба паҳнаи чаҳон гумном мекунанд
Дарюза мекунанд ҳар чо зи номи халқ
Гофил аз он, ки халқро бадном мекунанд
Як ҳарф дар забонашон фарҳанги халқ нест
Даъвои шаҳри Хофизу Хайём мекунанд
Миннат нихода шамъаке бар халқ медиҳанд
Хуршедро аз ачнабӣ инъом мекунанд
Бар умқи кору борашон борик бингаред
Аз номи халқ халқро дашном мекунанд
Аз лутфу мехрубонии эшон чӣ ҷои ҳарф?
Бо дасти халқ халқро эъдом мекунанд.

Лоиқ Шералӣ

Ин сурудаи Лоиқ Шерарлӣ барозанади ингуна худкомагоне аст, ки халқро ба бозӣ мегиранд ва барои тасаллути ҳокимияти бештар тамоми фарёдҳои мазлумону ситамдидагону озодихоҳнро зери пойи худ лагадмол мекунанд ва зердастони ингуна ҳокимон низ ҳамчун як аспи ромшуда дар тохту тоз ҳастанд то мақсуди ҳоким бароварда шавад, ғофил аз онки шояд як рӯзе, як лаҳзае ва дар шароити дигар ҳамин зердастон ба зери пой меафтанду “худам кардам, ки лаънат бар худам бод”-ро бо чашмони худ мебинанд.

Эй зибардасти зердастозор

Гарм то кай бимонад ин бозор?

Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?

Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ

Умедворем фардое дар интизорамон бошад, ки мардумони неку пурмеҳру албатта хомуши имрӯз, фарёди талаби ҳуқуқи ҳақиқии худро сар диҳанду дар талаби он огоҳтару пойдортару кӯшотар бошанд.

Таҳияи М.Мирзо

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад