Душанбе мизбони нишасти коргурӯҳи Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар умури Афғонистон

Севвумин ҷаласаи коргурӯҳи умури Афғонистон Шӯрои вазирони умури хориҷаи кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа ҳамоҳангсозони миллӣ дар умури Афғонистон аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, кормандони дабирхонаи ин созмон, ҳамчунин намояндагони Маркази минтақавии дипломатии пешгиронаи Созмони Милал дар Осиёи Марказӣ ва Кумитаи иҷроии сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ширкат карданд.

Ба нақл аз Форс, дар ин нишаст масоили марбут ба вазъияти низомӣ ва сиёсӣ дар Афғонистон мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Тарафайн ба зарурати тадовуми раванди таҳкими иқдомоти кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Афғонистон бар асоси усули дуҷониба ва дар қолаби бистарҳои байналмилалӣ таъкид карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад