Нахуствазири Лубнон ба истеъфо рафт

Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон соати пеш истеъфои худро расман эълом кард.

Суханронии Саъд Ҳарирӣ дар ҳоле оғоз шудааст, ки расонаҳои Саудӣ ва дар раъси он Арабия аз соатҳо пеш дар бахшҳои мухталифи хабарии худ эълом мекарданд, ки Саъд Ҳарирӣ хабари истеъфои худро дар ин суханронӣ эълом мекунад.

Саъд Ҳарирӣ хитоб ба мардуми Лубнон гуфт: “ба бунбаст расидам ва истеъфои худро тақдими Мишел Авн, раиси ҷумҳур хоҳам кард.”

Вай афзуд: “суханам хитоб ба мардуми Лубнон ин аст, ки маслиҳати Лубнонро муқаддам бидоранд ва аз сулҳи дохилӣ ҳимоят кунанд.”

Ҳарирӣ афзуд: “масъулияти мо имрӯз ин аст, ки чигуна аз фурӯпошии Лубнон ҷилавгирӣ кунем.”

Нахуствазири ба истеъфо рафтаи Лубнон тасреҳ кард: “истеъфои худро имрӯз тақдими Мишел Авн хоҳам кард ва муҳим саломату амнияти кишвар аст.”

Ҳарирӣ изҳор дошт, ки ҳеҷкас бузургтар аз кишвараш нест.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад