Русия ва насби мушакҳои С-300 дар Тоҷикистон

Вазорати дифои Русия эълон кардааст, ки системи дифои зиддимушакии “Фаворит” дар Тоҷикистон барои ҳимояи пойгоҳи низомии 201-уми Русия насб карда мешавад.

Ба нақл аз манобеи хабарӣ, қаблан мушакҳои С-300 танҳо дар ихтиёри артиши Қазоқистон қарор дошт.

хабаргузории РБК дар истинод ба Вазорати дифои Русия иттилоъ додааст, ки системи дифои зиддимушакии “Фаворит” ё С-300 бори аввал аст, ки ба Тоҷикистон интиқол дода мешавад.

Тибқи иттилои манбаъ, Вазорати дифои Русия системи дифои зиддимушакии “С-300”-ро ба наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон интиқол додааст.

Манбаъ таъкид кардааст: “С-300 аввалин системи дифоъи зиддимушакии аст, ки Русия онро дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки нируӯҳои муштараки кишварҳои хориҷӣ ҳузур доранд,  насб кардааст. Миёни кишварҳои Осиёи марказӣ аз мушакҳои С-300 танҳо дар артиши Қазоқистон дида мешавад.”

Ба гуфтаи манбаъ, мушакҳои С-300 дар Тоҷикистон барои ҳимояи пойгоҳи низоими 201-уми Русия насб карда мешавад.

Мушакҳои С-300 яке аз пешрафтатарин мушакҳои зиддиҳавоӣ дар ҷаҳон аст, ки илова бар ҳавопаймо метавонад мушакҳои болистикро ҳам бизанад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад