Раҳмон масъули вазъи бади иқтисодӣ ва иҷтимоии 27 соли ахири кишвар аст!

Қисмати дувуми суханронии ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар мавриди омилҳои қарори суди олии ҶТ нисбат ба ПМТ

Саволи муҳим ин аст, ки чӣ чизе мақомот махсусан раисҷумҳурро ба чунин амали хато ва саросема водор кард?
Ман дар инҷо чандин омили асосиро барои шумо баён мекунам.
1. Паймони Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як соли гузашта исбот кард, ки бо вуҷуди ҳамаи талошҳои мақомот барои заиф ва пароканда кардани он, ПМТ ҳамчун неруи сиёсии пойдор, ҷиддӣ ва мунназам ҷои худро дар ҷомеа пайдо карда ва талоши мақомот ба натиҷае нарасидааст. Маълумотҳое, ки ба дасти мо расид нишон медиҳад, ки онҳое, ки масъул ва супориш шуда буданд, ки ПМТ-ро дар давоми соли гузашта пароканда ва бархеро бо ҳар роҳе аз ПМТ хориҷ кунанд ва ба президент Раҳмон гузориш диҳанд, ки мо иҷозат надодем, ки эътилофи ҳизбу ҳаракатҳои опозитсионӣ дар қолаби ПМТ шакл бигираду устувор шавад ва худро дар саҳна мустаҳкам кунад. Инҳо то лаҳзаи охир умедвор буданд ва тибқи маълумоте, ки дар даст дорем инҳо ба унвони ин ки корҳояшон пеш меравад чанд гузориши ғалат ба раҳбарияти кишвар додаанд. Бояд эътироф кунем, ки дар лаҳзаҳои охир маълумот дарёф кардем, ки мақомот талош доранд, ки аз дохил ПМТ-ро заиф кунанд ва ҳатто бо нақшаҳое қариб буд, ки дар корашон муваффақ шаванд ва баъзе аз аъзои ПМТ-ро аз идомаи мубориза ноумед ва аз ПМТ берун кунанд ва онро ба унвони муваффақият дар тарҳашон ба боло гузориш диҳанд. Албатта хушбахтона дар лаҳзаи охир бар асоси дирояту масъулиятшиносии ҳамаи аъзо ва созмону гурӯҳҳои вобаста ба ПМТ тарҳи мақомот хунсо шуд ва бенатиҷа монад. Ҳамаи шумо ҳамватанони азиз шоҳид будед, ки ПМТ яксолагии худро ботантана пешвоз гирифт ва исбот кард, ки ҳамчун неруи сиёсии ҷиддӣ ва муназзам ҷои худро дар саҳнаи мубориза ва фаъолият пайдо кардааст. Ин нокомӣ дар иҷрои тарҳи аз байн бурдан ё заиф кардани ПМТ аз далелҳои тасмимгирии асабонӣ ва бошитоби мақомот буд.
2. Далели дигари ин тасмими мақомот ба ҳошия рафтан ва мунзавӣ шудани ҳукумати ҶТ дар сатҳи байналмилалӣ аст, ки қавитарин шоҳиди он ҷойгоҳи ҳукумат дар СММ ва САҲА аст. Дар тобистони имсол нишасти кумитаи ҳуқуқи башари СММ баргузор шуд, ки дар он ҳукумати ҶТ бояд аз вазъияти ҳуқуқи башар дар ҶТ гузориш медод. Дар ин нишаст ҳизбу ҳаракатҳои опозитсионӣ аз ҷумла ПМТ бомуваффақият ширкат карданд ва тавонистанд нигоҳи коршиносони СММ-ро нисбати поймолшавии ҳуқуқ дар ҶТ дигар кунанд ва ба ҷаҳониён исбот шуд, ки дар ҶТ воқеан ҳам мушкилоти зиёде дар масъалаи ҳуқуқи башар вуҷуд дорад. Ин вазъият воқеан барои тими ҳукумати ҶТ хеле бохти бузурге буд. Ба назари мо таъми бохти бештарро ҳукумати ҶТ дар долонҳо (ва солонҳо)-и конфронси САҲА чашид ба хусус рӯзи охири конфронс, ки ҳамаи дипломатҳо аз кори дуҳафтаии конфронс натиҷагирӣ карданд бештари интиқодҳои дипломатҳо ба самти ҳукумати ҶТ буд ва ҳатто як нафар ҳам пайдо нашуд, ки аз мавқеи ҳукумати ҶТ дифоъ кунад ва баръакс ҳамаи суханрониҳо алайҳи онҳо буд. Табиӣ аст, ки ҳамаи ин гузоришҳо дақиқ ба тасмимгирон расонида шуд ва онҳо дарк карданд, ки гузоришҳое, ки то он рӯз ба дасти онҳо расонда буданд, ки ПМТ неруи заиф аст ва дар ҷомеа тарафдор надорад ва аз дасташон коре намеояд – шумо худ медонед, ки ин таҳлил борҳо аз сӯи коршиносон садо дод – нодуруст будааст ва бо дарки воқеият эҳсос карданд, ки ПМТ аллакай шакл гирифта ва устувор шудааст ва бо худфиребӣ наметавон ин воқеиятро пӯшонд, аз ин рӯ маҷбур шуданд, ки бо тасмими хеле шитобзада ва асабонӣ додгоҳи олиро маҷбур кунанд, ки қарори ғайриқонунӣ ва бедалелро содир кунад.
3. Далели севум вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ҳукумат натавонистааст хуб мудирият кунад ва рӯз ба рӯз вазъияти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар вахимтар мешавад, сатҳи зиндагии мардум поинтар меравад ва нархҳо гаронтар мешаванд ва аз ҳама муҳимтар ин ки қишри босаводу ботаҷруба, ки тавони миллатсозӣ ва обод кардани кишварро доранд оҳиста-оҳиста ватанро тарк мекунанд. Ҳар рӯз ба дасти мо маълумоти зиёде мерасад, ки мардум яке пас аз дигарӣ ба фикри кӯчидан ва ҳиҷрат ба хориҷ ҳастанд. Пештар аксарияти мардум ба кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳиҷрат мекарданд, аммо қишри босавод ва таҳсилкардаи ҷомеа оҳиста-оҳиста ба самти Аврупо ва кишварҳои ғарбӣ ҳиҷрат мекунад. Ҳукумати ҶТ инро дарк мекунад, ки нишондодҳои иқтисодияш хеле поин аст ва ҳатто дар сӯҳбати охираш президент маҷбур шуд, ки байни вазъияти авоили истиқлол дар соли 1991 ва имрӯз (2019) муқоиса кунад ва нишон дод, ки санъати кишвар чӣ қадар заиф шуда ва рӯ ба нобудӣ овардааст ва гӯё каси дигареро гунаҳкор мекарда бошад дар ҳоле ки фаромӯш кард, ки дар тамоми ин муддат худаш президент буд ва гӯё дар солҳои 1990 ва 2000 каси дигаре президент буд, аз ин рӯ худаш ҷавобгари ин вазъият аст. Пас барои пӯшондани ин вазъияти бади иқтисодӣ ва иҷтимоӣ талош мекунад, ки диққати ҷомеаро ба масъалаҳои бофта ва сохта ва терроризм барад ва ба мардуми тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳад, ки дар Тоҷикистон опозитсия вуҷуд надорад ва мехоҳад нишон диҳад, ки дар Тоҷикистон фақат ҳукумат ва терроризм ҳаст. Ҳар касе, ки зидди ҳукумат ва барномаҳои он ва равиши давлатдории ҳукуматдорон бошад пас террорист аст.
Ман фикр мекунам, ки ин омилҳо бо ҳам боис шуд то бо қарори шитобзада ва бедалел ПМТ-ро вориди рӯйхати созмонҳои террористӣ кунанд.
Аммо ҳамватанони азиз, биёед фикр кунем, ки бо чӣ далелҳое метавон як созмонро вориди рӯйхати созмонҳои террористӣ кард. Оё иддаои ҳукумат дар террористӣ хондани ПМТ дуруст аст? Терроризм чӣ маънӣ дорад ва дар ҷаҳон чигуна шинохта мешавад?

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад