Ҳушдори КДАМ дар бораи ноамн шудани вазъияти марзӣ

Таҳдидҳо ба ҳифзи амнияти сарҳади миёни Тоҷикистону Афғонистон рӯз то рӯз пурзӯр шуда истодааст ва рахна шудани марз аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ низ аз эҳтимол дур нест.

Ба нақл аз Спутник, Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон санади ҷадид дар мавриди ҳифзи сарҳадоти Тоҷикистону Афғонистонро тасдиқ намуданд.

Аснои шарҳи санади мазкур ба вакилон, Абдусаттор Шоҳиён, муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон зикр намудаст, ки таҳдидҳо ба марзи Тоҷикистон рӯз то рӯз пурзӯр мешавад.

Ба гуфтаи Шоҳиён, рахна кардани марзи давлатии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ ва ҷудоихоҳ аз эҳтимол дур нест.

Гузашта аз ин, муовини фармондеҳи Кушунҳои сарҳадӣ афзуд, ки ҷангиёни толибон барои аз худ намудани тамоми нозукиҳои сарҳад, муосиртарин технологияро  ба кор бурда истодаанд.

Зимнан Шоҳиён илова намудаст, ки аснои задухӯрди мусаллаҳонаи ҷангиёни Толибон бо мақомоти Афғонистон, сарҳади Тоҷикистон эъмин нест ва аз ин рӯ роҳандозӣ гардидани талошҳои муштараки кишварҳои узви ИДМ барои пешгирӣ аз фаъолиятҳои тахрибкоронаи чунин гурӯҳҳо бисёр сари вақтӣ ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад