Додгоҳи олии Тоҷикистон “Паймони Миллии Тоҷикистон”-ро террористӣ хонд

Додгоҳи олии Тоҷикистон "Паймони Миллии Тоҷикистон", эътилофи созмонҳои мухолифи давлатро дар хориҷа созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кардааст. Аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд.

Додгоҳ рӯзи 11-уми октябр бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, аризаи Додситонии кулро дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф кардани ташкилоти Паймони миллии Тоҷикистон қонеъ карда ва аз рӯзи 15-уми августи имсол фаъолияти онро дар қаламрави кишвар манъ кард.

Бар асоси ин қарор, вебсайтҳои ин созмон дар Тоҷикистон баста мешаванд ва “воридот, нашри видеову варақаҳои тарғиботии созмон манъ аст”. Сабаби ифротӣ эълон кардани паймонро додгоҳ шарҳ надодааст.

Шарофиддин Гадоев, раиси Ҳаракати ислоҳот ва рушд ва узви Паймонми миллӣ рӯзи 14-уми октябр қарори Додгоҳи олиро беасос номид ва гуфт: “Қарори додгоҳ заминаи ҳуқуқӣ надорад. Ҳукумати Тоҷикистон одат кардааст, ҳар гуна созмонеро ки бо сиёсаташ мувофиқ нест ва онро танқид мекунад, созмони ифротӣ эълон кунад.”

Гадоев афзуд, ҳеҷ яке аз аъзои паймон ҳангоми муроҷиат ба тарафдоронаш касеро ба ифротгароӣ, вайронкорӣ ва ё терроризм даъват накардааст ва касеро ҳам ба ин амалҳо ташвиқ намекунад.

Ӯ дар идомаи суҳбаташ гуфт: “Дар тамоми суҳбатҳои мо, даъват ба амали террористӣ дида намешавад. Даъватҳои мо барои бунёди ҷомеаи демократӣ ва ислоҳот дар Тоҷикистон аст. Мо новобаста ба ҳар қарори додгоҳ, ба корамон идома медиҳам.”

Шарофиддин Гадоев афзуд, “Паймони Миллии Тоҷикистон” ҷанбаҳои ҳуқуқии қарорро омӯхта ва пас аз даъвати шӯрои анҷуман мавқеи расмиашро изҳор медорад.

Паймони Миллии Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт, аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва ҲНИТ ташкил ёфтааст. Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015 мамнуъ ва террористӣ эълон кард. Раҳбарияти ҳизб, ки дар хориҷа қарор дорад, онро рад мекунад.

Раҳбарони се созмони дигар низ аз Тоҷикистон берун шуда, дар хориҷа ҳастанд. Ҳадаф аз ташкили эътилоф сарҷамъии нирӯҳои мухолифин, риояи ҳуқуқи башар, рушди демократия ва интихоботҳои озоду шаффоф гуфта шудааст.

Мақомоту расонаҳои давлатии Тоҷикистон борҳо Паймони миллиро “ворис”-и ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ донистаанд, ҳарчанд мухолифин ин иддаоро қабул надоранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад