Буҳрони иқтисодии Тоҷикистон

Бо вуҷуди ҳудуди 6 миллиард доллар воми кумакҳои бебозгашт ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ дар 25 соли ахир, авзои иқтисодии Тоҷикистон ҳамчунон буҳронӣ боқи мондааст.

Ба нақл аз Тоб Ти Ҷи, Бонки ҷаҳониӣ, Сандуқи байналмиллалии пул, Бонки рушд ва Бозсозии Аврупо, Бонки Рушди Осиё ва Бонки рушди исломӣ аз ҷумла ниҳодҳое ҳастанд,ки дар 25 соли ахир барои беҳбуди авзоъи иқтисодии Тоҷикистон ба ин кишвар кумакҳое ихтисос додаанд, бо ин ҳол ҳануз 30 дар сад ҷамъияти ин кишвар зери хати фақр қарор дорад.

Нур Сафаров иқтисоддони тоҷик мегуяд вобастагии иқтисоди ин кишвар ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир аз хориҷ, қарор гирифтан дар бунбасти иртиботӣ, авзои нобасомони амниятии Афғонистон ҳамсоя, набуди эътимоди сармоягузорони хориҷӣ ба бозгашти манобеи молии худ ва мудирияти нокоромади давлатӣ аз ҷумла авомиле аст,ки монеи рушд ва пешрафти Тоҷикистон мешавад.

Вай муътақид аст,ки 50 дарсади кумакҳои молии хориҷӣ,барои нигаҳдорӣ ва фаъолияти идороти давлатии Тоҷикистон ҳазина мешавад ва назорат бар раванди истифода аз ин манбаъҳо ба далели сохтори печидаи мудириятии ин кишвар амалан ғайри мункин аст.

Аз суи дигар коршиноси яке аз ниҳодҳои молии байналмиллалӣ бо ифшонашудани номаш гуфтааст,ки ба бахши беҳдошт ва дармони Тоҷикистон кумакҳои молии байналмиллалии зиёде ихтисос дода мешавад,ки ҳамроҳ бо омӯзиши кормандон ва насби таҷҳизоти нав дар марказҳои дармонӣ аст, вале бо итмоми манобеи молии хориҷӣ тамоми фаолиятҳо мутавақиф мешавад ва ҳамаи чиз ба ҷои авалаи худаш бармегардад.

Ба гуфтаи вай ин дар ҳоле аст,ки ин марказҳо бояд бо истифода аз ин кумакҳо ба худкифоӣ мерасиданд ва тавони хидматрасонӣ ва пардохти маоши кормандони худро меёфтанд.

Коршиносон, напазируфтани пешниҳодҳои ниҳодҳои моли байналмиллалиро барои ислоҳ ва шафофсози амалкарди молии идораҳои давлатӣ аз дигар мавонеъи рушди иқтисоди Тоҷикистон медонанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад