Мазоёи интиқоли телефонии пул аз Русия ба Тоҷикистон

Муовини комиссиюни фанновариҳои ададӣ (диҷитолӣ) -и Утоқи саноат ва бозаргонии Русия фароҳам шудани заминаи интиқоли пул аз ин кишвар ба Тоҷикистон бо истифода аз телефони ҳамроҳро иқдоме бисёр матлуб арзёбӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Темур Ҳайитов бо ишора ба иқдоми “Сбербанк”- Русия дар таъмини имкони интиқоли пул аз ин кишвар ба Тоҷикистон бо истифода аз телефони ҳамроҳ, сарфаҷӯӣ дар вақт ва ҳазинаҳои молии коргарони муҳоҷири тоҷикро аз натоиҷи ин иқдом донистааст.

Вай таъкид мекунад, ки роҳёбии “Сбербанк” -и Русия ба бозори молии Тоҷикистон боиси рақобат бо дигар бонкҳову муассисоти моливу эътибории фаъол дар замина интиқоли даромади коргарони муҳоҷир хоҳад шуд.

Гуфта мешавад, бо иҷрои ин тарҳ заминаи интиқоли ҳаддиаксар 50 ҳазор рубли русӣ бо кормузди як дарсад аз Русия ба Тоҷикистон бо истифода аз телефони ҳамроҳ фароҳам шудааст.

Ин тарҳ барои муштариёни бонкҳои “Спитамен”, “Эсхата”, “Тиҷоратбонк” ва “Душанбе сити” иҷро мешавад.

Ҳадаф аз роҳандозии интиқоли телефонии даромади молии коргарони муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишварашон – осонсозии ин раванд ва амалкарди шаффофи низоми бонкӣ унвон мешавад.

Қабл аз ин умдаи даромади молии беш аз як миллиону 500 ҳазор коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия ба кишварашон аз тариқи чанд бонку муассисоти моливу эътибории русӣ мунтақил мешуд.

Даромади коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия дар соли гузашта беш аз 2,5 миллиард доллар гузориш шудааст ва дар ҳифзи суботи иқтисодиву иҷтимоии ин ҷумҳурӣ нақши муҳиме ифо мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад