Ихроҷи як узви “Гурӯҳи 24” аз Полша

Полша рӯзи 25 сентябр Мустафо Ҳаётов, як узви созмони оппозитсионии "Гуруҳи 24”-ро аз қаламраваш ихроҷ кардааст.

Ҳамсафони Ҳаётов мегӯянд, ки Полша ӯро ба Тоҷикистон истирдод кардааст ва ин нахустин мавриди истирдоди як тарафдори мухолифини тоҷик аз Аврупост. Адвокати Мустафо Ҳаётов ихроҷи ӯ аз қаламрави Полшаро тасдиқ карда, гуфтааст, ки ин кор бидуни огоҳ кардани ӯ сурат гирифтааст.

Мустафо Ҳаётов соли 2016 ба Полша паноҳ овард ва аз ин ҷо ба Олмон рафт, вале 23 июни соли 2018 мақомоти Олмон ӯро тибқи паймони Дублин ба мақомоти Лаҳистон, нахустин кишваре, ки Ҳаётов тавассути он вориди қаламрави Иттиҳоди Аврупо шудааст, супурданд ва ӯ як солу се моҳ дар интизори баррасии парвандаи ихроаш аш дар боздоштгоҳи муваққати муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни рӯ ба ихроҷ дар Варшава қарор дошт.

Нуриддин Ризоӣ, яке аз роҳбарони ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” рӯзи 26 сентябр дар суҳбат бо сомонаи “Ахбор” хабар дод, ки мақомоти Полша як рӯз қабл Мустафо Ҳаётов, як узви фаъоли ин созмонро ба Тоҷикистон истирдод кардааст.

Нуриддин Ризоӣ гуфт: “Мо рӯзи 24 сентябр ҳамроҳи намояндагони як созмон мебоист бо Мустафо Ҳаётов дар боздоштгоҳ мулоқот мекардем. Вале маъмурияти боздоштгоҳи паноҳҷӯён ба мо иҷозати мулоқот надод. Мустафо Ҳаётов бо ҳукми додгоҳ то 26 сентябр ҳаққи иқомат дар Полшаро дошт, вале то 26 сентябр наистода, ӯро субҳи 25 сентябр, соати 8 истирдод кардаанд. Дар ҳоли ҳозир мо аниқ карда натавонистем, ки ӯро аз кадом роҳ ба Тоҷикистон фиристодаанд. Вале субҳи 25 сентябр, вақте телефонаш хомӯш шуду ба зангҳо ҷавоб надод, мо бо паноҳҷӯёни дигар дар боздоштгоҳи Варшава тамос гирифтем ва онҳо тасдиқ карданд, ки субҳ, соати 8 Мустафо Ҳаётовро бурданд.”

Рӯзи 26 сентябр адвокати лаҳистонии Мустафо Ҳаётов низ ба намояндагони “Гуруҳи 24” тасдиқ кардааст, ки бале, дар ҳақиқат, ӯро истирдод кардаанд. Ба гуфтаи адвокат, мақомоти муҳоҷирати Полша ҳатто ӯро ҳамчун адвокат аз ин тасмимашон хабардор накардаанд.

Нуриддин Ризоӣ, ки ба манзури ширкат дар анҷумани солонаи САҲА дар Варшава қарор дорад, қазияи Мустафо Ҳаётовро аз минбари ин ҳамоиш матраҳ карда буд. Дар посух роҳбари ҳайъати Полша дар ҳамоиши САҲА низ аз минбари анҷуман ваъда дода буд, ки масъалаи Ҳаётовро бо мақомоти зирабти кишвараш дар миён мегузорад.

Нуриддин Ризоӣ гуфт: “Баъди он радду бадал мо бо роҳбари ҳайъати Полша ним соат суҳбати алоҳида ҳам доштем. Ҳамин тавр, масъалаи Ҳаётов дар мулоқоти ҳайъати “Гуруҳи 24” бо муовини раисиСАҲА низ матраҳ шуда буд ва мо ваъдаҳои умедворкунанда гирифта будем, ки кор то ба истирдоду ихроҷ намекашад ва мусбат ҳал мешавад.”

Роҳбарияти “Гуруҳи 24” қасд дорад, рӯзи 26 сентябр дар як ҷаласаи изтирорӣ дар Варшава қазияи истирдоди Мустафо Ҳаётов ва қадамҳои баъдиашро баррасӣ кунад. Ба гуфтаи онҳо, коре, ки намебояд шавад, шуд ва акнун масъала ин аст, ки бо Мустафо Ҳаётов, агар ба Тоҷикистон истирдод шуда бошад, дар Душанбе чӣ хоҳанд кард? Онҳо изҳори умед карданд, ки Ҳаётов барои фаъолиятҳои оппозитсиониаш мавриди шиканҷа қарор намегирад.

Мақомоти Тоҷикистон ва Полша то ҳол ин қазияро шарҳ надодаанд. Агар хабари истирдоди Мустафо Ҳаётов ба Тоҷикистон тасдиқ шавад, ин нахустин мавриди истирдоди як тарафдорони мухолифини тоҷик аз Аврупо ба Тоҷикистон хоҳад шуд.

Мустафо Ҳаётов, яке аз фаъолони созмони феълан дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” дар Полша (Лаҳистон) 14 апрели соли 1994 дар ҷамоати Самсолиқи ноҳияи Нуробод ба дунё омада, соли 2014 ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш дар Русия ба “Гуруҳи 24” пайваст. Мустафо Ҳаётов 18 августи соли 2016 аз тариқи Украина вориди Полша шуда, аз ин кишвари узви Иттиҳоди Аврупо дархости паноҳандагӣ кард. Моҳи октябри соли 2017, баъди рад шудани дархости паноҳандагиаш аз ҷониби мақомоти Полша, Мустафо Ҳаётов ба Олмон омад ва аз ин кишвар паноҳ ҷуст.

Аммо тибқи Паймони Дублин кишварҳои Аврупо паноҳҷӯёнеро, ки аз як кишвари дигари ин қора ба кишвари дигар омада, дархости паноҳандагӣ мекунанд, бояд ба ҳамон кишвари аввал баргардонанд. Мақомоти Олмон бар асоси Паймони Дублин Мустафо Ҳаётовро рӯзи 23 июни соли 2018 ба Полша пас фиристоданд ва мақомоти Полша ӯро рост ба урдугоҳи паноҳҷӯёни рӯ ба ихроҷ бурданд.

Ба ин тартиб, ин оппозитсионери ҷавони тоҷик, ки ҳамагӣ 25 сол дорад, аз 23 июни соли 2018, як солу се моҳз дар интизори баррасии парвандааш дар боздошт қарор дошт.

Мақомоти Полша моҳи июли соли 2018 қарори вопас фиристодани ӯ ба кишвараш, яъне ба Тоҷикистонро ба дасти Ҳаётов доданд, вале ба вакилони мудофеъ муяссар шуд, ки он вақт пеши роҳи ихроҷи ӯ аз Полшаро бигиранд.

Мустафо Ҳаётов дар “Гуруҳи 24” масъулияти бахши таблиғотии гуруҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро ба ӯҳда дошт. Ҳаётов солҳои 2016 ва 2017 дар анҷуманҳои солонаи САҲА дар Варшава аз номи “Гуруҳи 24” иштирок дошт.

“Гуруҳи 24” як созмони мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон аст, ки соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов соли 2012 баъди тарки кишвар таъсис дод. Ин созмон дар тобистон ва тирамоҳи соли 2014 дар шаҳрҳои Русия силсилаи эътирозҳо ба зидди ҳукуматро ташкил кард ва мардумро ба эътирози ниҳоӣ дар майдони Дӯстӣ дар маркази Душанбе даъват кард. Дар рӯзи эълон шуда – 10 октябри соли 2014 – касе ба ин гирдиҳамоӣ наомад, вале Додгоҳи олии Тоҷикистон як рӯз қабл аз он фаъолияти “Гуруҳи 24”-ро дар кишвар расман манъ карда, онро ба рӯйхати созмонҳои ифротӣ шомил кард.

Асосгузори “Гуруҳи 24” Умаралӣ Қувватов моҳи марти соли 2015 дар натиҷаи сӯиқасди мусаллаҳона дар шаҳри Истанбули Туркия кушта шуд. Даҳҳо тан аз аъзои ва тарафдорони ин созмон дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигар бо дархости мақомоти Душанбе дастгир шуданд ва қисми дигараш ба кишварҳои Аврупо паноҳ бурданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад