Афзоиши умеди демократҳо ба шикасти Трамп дар интихоботи 2020

Дар пайи тасмими Маҷлиси намояндагони Амрико барои таҳқиқ дар бораи барканории Трамп, демократҳо ба шикасти вай дар интихоботи 2020 умедвортар шудаанд.

Шабакаи телевизиюнии Ал Олам гузориш дод, дар пайи ифшои муҳтавои муколимаи телефонии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико бо ҳамтои украиниаш алайҳи Ҷу Бойден, номзади интихоботи раёсатҷумҳурӣ, Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико аз оғози таҳқиқ дар бораи барканории Трамп хабар дод ва ба ин тартиб ба умедвории демократҳо дар хусӯси шикасти вай дар интихоботи ояндаи ин кишвар афзуд.

Ин гузориш ҳокист, Трамп пеш аз муколама бо Зеленский, раисиҷумҳури Украин, таваққуфи кумаки 390 миллион долларӣ ба Киевро хостор шуда буд.

Демократҳо ин дархостро эъмоли фишор алайҳи Зеленский барои дахолат дар масаълае донистанд, ки бар раванди интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико бавижа Бойден, ки хатарноктарин рақиби Трамп дар сандӯқҳои раъй ба шумор меояд, таъсир хоҳад гузошт.

Ал Олам ҳамчунин гузориш медиҳад, дар сояи шабоҳати иттиҳомҳои ворида ба Трамп бо иттиҳомҳое, ки Ричард Никсон, раисиҷумҳури собиқи Амрикоро сарнагун кард, бавижа сангандозӣ дар баробари адолат ва баҳрабардорӣ аз қудрат, демократҳо умедвортар шудаанд, то таҷрубаи канорагирии 45 соли пеши Никсон дар бора Трамп, такрор шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад