Аввалин сафари вазири дифои Узбакистон ба ҶТ дар 27 соли ахир

Вазири мудофиаи Узбакистон барои бори нахуст дар 27 соли охир бо сафари расмӣ рӯзи 25 сентябри соли равон аз Тоҷикистон боздид кард.

Сомонаи Ховар аз қавли Ориф Низомиён, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар додааст, ки Баҳодур Қурбонов, вазири мудофиаи Узбакистон дар садри як ҳайат бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард.

Ба иттилои манбаъ, Қурбоновро зимни ин сафар вазири мудофиаи Тоҷикистон  Шералӣ Мирзо ҳамроҳӣ карда, вазирони ду кишвар аз факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа дидан намуданд.

Зикр гардидааст, ки Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соли 2004-ум таъсис ёфта, дар ҳайати он ду кафедра ва ротаи шашуми таълимии курсантӣ амал мекунанд.

Дар иттилоия омадааст: “Дар ин факултет, ки таълим аз рӯи ҳафт ихтисос ба роҳ монда шудааст, асосан мутахассисони соҳаи авиатсияи ҳарбӣ омода карда мешаванд.”

Ҳамчунин вазири мудофиаи Узбакистон зимни сафари якрӯзаи худ, аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии Алишер Навоӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ бори нахуст соли гузашта дар вилояти Суғд амалиёти ҳарбию техникии Тоҷикистону Узбакистон гузаронида шуда, имсол амалиёти ҳарбию техникӣ ва машқҳои низомӣ дар Узбакистон гузаронида мешаванд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад