Ҳадафи муомилаи қарн аз байн бурдани комили Фаластин аст

Раисҷумҳури Туркия дар ҳафтоду чаҳорумин нишасти маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ карда ва ба масоили муҳим ишора кард.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раиси ҷумҳир Туркия дар суханронии худ дар ҳафтодучаҳорумин иншасти маҷмаи умумии Сомзмони Милал эълом кард, ки ҳадафи муомилаи қарн аз байн бурдани Фаластин ба таври комил аст.

Раиси ҷумҳури Туркия дар бахши дигаре аз суханони худ эълом кард, ки ё бояд доштани силоҳи ҳастаӣ барои ҳамаи кишварҳо мамнуъ бошад ё инки ба ҳама иҷоза дода шавад аз он истифода кунанд. Ин мушкилро бояд одилона ҳал кунем.

Ардуғон дар бахши дигари суҳбати худ бо ишора ба масъала Сурия гуфт: “агар дар Сурия субот эҷод шавад, таъсири мусбате ба Ироқ ҳам хоҳад дошт.”

Вай гуфт, ки Созмони Милал бояд аз ваъда додан даст бикашад ва амалан аз Фаластин ҳимоят кунад. Ардуғон дар идома муомилаи қарнро барномае барои аз байн бурдани комили Фаластин донист. Масъалаи Фаластин фақат дар сурате ҳал мешавад, ки кишвари мустақилли Фаластин ба суръат ташкил шавад ва заминҳои он ба марзҳои 1967 бозгардад ва пойтахти он Қудси шарқӣ бошад.

Раиси ҷумҳури Туркия бо ишора ба куштори Зеланди нав эълом кард, ки рӯзи 15 март бояд рӯзи якпорчагӣ алайҳи исломҳароӣ номгузорӣ шавад.

Вай дар бахши дигар суханони худ зимни интиқод аз Созмони Милал гуфт: “Созмони Милал қатъномаҳои марбут ба Исроилро иҷро намекунад. Бинобар ин Созмони Милал чӣ фоида дорад?”

Вай ҳамчунин гуфт: “масъали Эрон бояд ба суръат ва бо ақлоният ҳал шавад ва таҳдидҳо алайҳи ин кишвар поён ёбад.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад