Оғози нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллал дар Нию-Йорк

Раҳбарони сиёсии кишварҳои мухталиф аз имрӯз сешанбе барои эроди суханронӣ дар саҳни маҷмаъи умумии Созмони Миллал ҳузур хоҳанд ёфт .

Имсол дар нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллал, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Ши Ҷинг Пинг, раисҷумҳури Чин ҳузур нахоҳанд дошт.

Бо ин вуҷуд 196 намоянда аз кишварҳои ҷаҳон дар ин маҷмаъ суханронӣ хоҳанд дошт .Тибқи баёнияи Созмони Миллал , раиси ҷумҳурии Бразилия нахустин касе хоҳад буд ,ки субҳи сешанбе ( ба вақти маҳаллӣ ) суханронӣ хоҳад кард ва пас аз он Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико ба унвони мизбон ба эроди сухан хоҳад пардохт .

Ҳасани Руҳонӣ-раисҷумҳури Эрон низ, ки барои ҳузур дар нишасти маҷмаъи умумии Созмони Миллал душанбешаб вориди фурудгоҳи Ҷон Кеннеди дар Нию-Йорк шуд , гуфт : Умедворем дар шароити ҳассосе, ки имрӯз минтақаи мо мегузаронад битавонем паёми миллатҳои минтақа, ки паёми сулҳу поёни ҳар гуна мудохилаҷӯӣ дар минтақаи ҳассоси халиҷи Форс ва ғарби Осиё астро ба гӯши ҷаҳон бирасонем .

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба инки имрӯз миллати бузурги Эрон дар фишори ҷанги бузурги золимона қарор дорад , таъкид кард : Миллати Эрон , миллати муқовимату истодагӣ буда ва хоҳони бозгашти ҳамагон ба муқаррароту қонун ҳастанд .

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад