Ҳеҷ таҳдид моро аз ҳимояти Қудс боздошта наметавонад!

Раиси ҷумҳури Туркия дар дидор бо турктаборони муқими Амрико ва намояндагони ҷомеаи мусулмони ин кишвар ба ҳимояти аз Қудс ва ҳифзи ҳуқуқи мардуми Фаластин таъкид кард.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, ки барои ширкат дар ҳафтоду ҷаҳорумин нишасти маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Амрико ба сар мебарад бо намояндагони ҷомеаи мусулмони Амрико дидору гуфтугӯ кард.

Вай дар ин дидор бар ҳифзи ҳуқуқи фаластиниён ва ҳимоят аз Қудс таъкид кард ва гуфт, “масъалаи Қудс танҳо ба мусулмонони дохили Фаластин ихтисос надорад, балки Қудс мояи шарофати ҷаҳони Ислом ва беш аз як миллиарду ҳафтсадҳазор мусулмони саросари ҷаҳон аст.”

Ӯ таъкид кард: “масъали Қудс хатти қирмизи мо аст ва мо боварӣ дорем, ки дифоъ аз Қудс, дифоъ аз арзишҳои инсонӣ ва сулҳу адолат аст.”

Раиси ҷумҳури Туркия дар бахши дигаре аз суханони худ ба қазияи кушта шудани Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори Саудӣ дар консулгарии Арабистон дар Истамбул ва фавти Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури собиқи Миср дар додгоҳ ишора кард.

Амина Ардуғон (ҳамсари раиси ҷумҳури Туркия), вазири дифоъ, хазонадорӣ ва сухангӯи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Туркия ҳам дар ин сафар ҳузур доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад