Ба ҳолати омодабош даромадани артиши Кувайт

Артиши Кувайт ба ҳолати омодабош даромад.

Фармондеҳии ситоди кулли артиши Кувайт тайи баёнияе эълом кард, бо таваҷҷуҳ ба авзои муташанниҷ ва танишзо дар минтақа, тасмим гирифтааст омодагии размии бархе аз ягонҳои худро афзоиш диҳад.

Ба гузориши “Тасним”, фармондеҳии ситоди кулли артиши Кувайт гуфт, ин иқдом дар ростои ҳифзи амнияти кишвар ва якпорчагии арзии он дар баробари ҳар гуна хатароти эҳтимолӣ ва ҳамчунин аз тариқи ҳамоҳангии мустақим ва доим бо тамоми тарафҳои низомӣ ва амниятӣ дар кишвар гирифта мешавад.

Дар ин баёния омадааст: артиши Кувайт дар ҳоли анҷоми тамринҳои ҳавоӣ ва дарёӣ аст то дар болотарин сатҳи омодагӣ ва тавонмандиҳои размӣ қарор бигирад.

Фармондеҳии ситоди кулли артиши Кувайт ба шаҳрвандон дар ин кишвар ҳушдор дод, ки ба ахбору овозаҳои матраҳшуда аз сӯи манобеи ғайрирасмӣ таваҷҷуҳе накунанд ва ахбору иттилооти мувассақро аз манобеи расмӣ дарёфт кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад