Фарзандони истиқлолхоҳи миллат имрӯз дар зиндону ғурбат ҳастанд!

Қисмати аввали суханронии ҷаноби Муҳйиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ ва ПМТ дар ҳамоиши аввалин солгарди таъсиси ПМТ дар шаҳри Варшава

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон
Саломун алайкум ва раҳматуллоҳ
Ҳамдиёрони азиз, дӯстоне, ки дар толор ҳузур доред ва ҳамаи ҳамватаноне, ки моро тавассути шабакаҳо мебинед, бистуҳаштумин солгарди истиқлолияти давлатӣ ва миллиямон ва ҳамзамон аввалин солгарди таъсиси Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)-ро ба ҳамаи шумо табрик мегӯям!
Дӯстони азиз, баъзе аз суханронони ин ҳамоиш ёдоварӣ карданд, ки дақиқан 30 сол пеш як ҳаракати мардумӣ, миллӣ ва воқеан ҳам истиқлолхоҳи дигарамон бо номи Растохез таъсис шуда буд, аз ин рӯ ба ҳамаи аъзои қадим ва ҳаводорони имрӯзаи Растохез ин муносибатро табрик мегӯям!
Албатта дар қатори се солгарди муборак (эълони истиқлолият, таъсиси Растохез ва ПМТ) ин рӯз ҳодисаи нохушоянде ҳам дорад, ки мо наметавонем аз он сарфи назар кунем. Дақиқан дар ҳамин рӯз яъне понздаҳуми сентябри соли 2015 баъди зуҳр ба мо хабар доданд, ки тамоми аъзои Раёсати Олӣ ва Шуро ва аъзои ҲНИТ аз сӯи мақомот боздошт мешаванд, ки баъдан беасос ва ноҷавонмардона ба ҳабсҳои тулонӣ маҳкум шуданд!
Бинобар ин бархе аз ин муносибатҳо ҷои табрик дорад ва бояд аз бародарони фаъол ва талошгару ҷоннисор ва зиндонӣ ва хоҳарони ранҷкашида, ки барои истиқлоли кишвар ва ҳузури мо дар ин маросим бештар аз мо заҳмат кашиданд ва зулм диданд ёд кунем ва барои озодиву осоиши онҳо дуо кунем!
Мо барои таъсиси ПМТ шаҳри Варшава ва солгарди истиқлоли кишварро интихоб кардем, чун дар он шабурӯз ба хотири баргузории нишасти САҲА афроди зиёде аз муҳоҷирон ва фаъолони сиёсӣ дар шаҳри Варшава ҷамъ шуда буданд.
Ин масъала дар худ ду паём дорад: 1) ПМТ дақиқан амаликунандаи орзуҳо ва ормонҳои истиқлолхоҳии миллати тоҷик дар тули таърих то имрӯз аст ва мо сад дар сад дар чорчуби ормонҳои миллат, ки барои ба даст овардани истиқлолият ва ҳифзи он аз гузашта то имрӯз заҳмат кашидааст ҳаракат ва талош мекунем ва 2) ёдамон наравад, ки дар пайи ҳар идея инсонҳои зинда буданд ва имрӯз ҳам ҳастанд. Бояд бидонем, ки миллат дар тули таърих то имрӯз барои касби истиқлол ва ҳифзи дастовардҳои он даҳҳо ҳазор фарзанди худро аз даст додааст. Баъзе аз фарзандони ин миллат дар роҳи истиқлол ва ҳифзи он куштаву шаҳид ва бархе дигар маҷрӯҳу асиру зиндонӣ ва бархе ҳам муҳоҷиру ғариб шудаанд. Шояд таърихи мо номҳои андакеро сабт кардааст ва мо ҳам теъдоди андакеро мешиносем. Шояд онҳое, ки гумноманд аз касоне, ки имрӯз дар сафи истиқлолхоҳӣ ва ҳифзи ормонҳо ва муқаддасоти миллат сабт шудаанд бештар хидмат карда бошанд. Имрӯз ба хотири пешрафт ва ҳамагонӣ ва ҷаҳонӣ шудани иттилоот ва суръату диққат бештари ҳаводис сабт мешавад, вале дар гузашта ин имкон набуд. Мо имрӯз вазифа дорем, ки ба ёди ҳамаи фарзандони гумному хушноми истиқлолхоҳ ва фидокори миллат бошем ва аз заҳматҳои онҳо қадрдонӣ кунем! Набояд азизонеро, ки имрӯз ҳам зиндонӣ ҳастанд ё бо сахтӣ зиндагӣ доранд, вале барои истиқлолу ҳифзи ормонҳои миллат талош мекунанд фаромӯш кунем.
Агар бар асоси он чӣ ба мо расидааст оғози муборизаи озодихоҳии миллати тоҷикро аз қиёми Коваи оҳангар бидонем поёни он маълум нест, ки чӣ қадар ва чӣ касоне барои идомаи ин роҳ талош хоҳанд кард, аммо аз касоне, ки имрӯзу ин соатҳо дар зиндон ва майдони мубориза ҳастанд бояд ёд кунем ва қадри заҳматҳои онҳоро бидонем. Бо вуҷуди ҳамаи эҳтиром ва боваре, ки ба таърих ва гузаштагонамон дорам боварӣ дорам, ки касоне, ки дар таърихи миллати тоҷик ба унвони мубориз ва истиқлолталабу озодихоҳ сабт шудаанд ҳама дараҷаи боло надоранд ва дар бисёре дигар бо афсонаву муболиға ҳамроҳ аст, аммо касоне, ки имрӯз таърихи миллатро меофаранд ва дар зиндон ҳастанд ҷасорату бузургияшон аз бузургони гузаштаи миллат камтар нест!
Байте, ки ба Фирдавсӣ нисбат медиҳанд намунаи он аст:
Ки Рустам яле буд дар Систон
Манаш кардаам Рустами достон
Таблиғот, ҳунар ва талоши Фирдавсӣ барои табдил шудани Рустам ба як шахсияти машҳури таърихӣ таъсири зиёд доштааст.
Ман бар ин боварам, ки бузургони имрӯзи зиндонии мо мисли Муҳаммадалии Ҳайит камтар аз он шахсиятҳо нестанд!
Дӯстони азиз, бояд бидонем, ки миллати мо беш аз ҳад таърихзада ва афсонабовар аст, вале таърихи воқеии имрӯзи худро фаромӯш мекунем ва ҷиддӣ намегирем. Мо идеалҳои худро дар таърих ва саҳифаҳои китобҳо, филмҳо ва ҳатто дар таърихи миллатҳои дигар ҷустуҷӯ мекунем, аммо фаромӯш мекунем, ки таърихи зиндаи мо дар зиндон нишаста ва ғариб аст.
Агар Муҳаммадалии Ҳайит ва Бузургмеҳр Ёров тоҷику наҳзатӣ ва муовини Кабирӣ ё вакили наҳзатиҳо ва Кабирӣ намебуданд ва аз миллату гурӯҳ ва кишвари дигар мебуданд ба хотири ҷавонмардӣ ва ҷасорати мисолзаданияшон аллакай қаҳрамони сайёра шуда буданд! Шумо чӣ касеро дар таърих дидаед, ки мисли Муҳаммадалии Ҳайит таҳти шиканҷаи шадид ҳозир нашавад, ки нисбати бародарону хоҳарони худаш тӯҳматеро қабул кунад ва ба забон орад ва онҳоро муттаҳам намояд. Ин дар ҳолест, ки дар моҳи октябри соли 2015 иҷозат дода будам, ки ҳар бародару хоҳари зиндоние, ки бо бор кардани ҳамаи тӯҳматҳо бар сари ман метавонад озод шавад хоҳиш мекунам, ки ин корро кунад. Баъзе анҷом доданд ва баъзе анҷом надоданд, аммо Муҳаммадалии Ҳайит, Сайидумар Ҳусейнӣ ва дигар дӯстону бузургворон ҳатто ба қимати ҷонашон бо вуҷуди иҷозати мо истиқомат карданд. Бузурмеҳр Ёров вакиле буд, ки медонист ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқи наҳзатиҳо зиндонӣ мешавад ва ҳама чизашро аз даст медиҳад, аммо барои анҷоми рисолати вакилияш ва эҳтироми касбаш даст ба кори ҳимоят зад. Пас қаҳрамон кист? Чӣ касеро мо бояд қаҳрамон эълон кунем? Оё касоне, ки аз давраи пеш аз Ислом ва пас аз он ва даврони Шӯравӣ қаҳрамон мешиносем бештар аз он чӣ Муҳаммадалии Ҳайит, Сайидумар Ҳусейнӣ, Бузурмеҳр Ёров ва дигарон мекашанд анҷом дода буданд? Мо бояд каме аз ҳолати таърихзадагӣ берун оем ва қадри қаҳрамонҳои имрӯзаи миллатро бештар бидонем! Шояд аввалин иқдоми ПМТ баъд аз бозгашт ба Ватан сазовор кардани ин шахсиятҳои арзанда ба унвони қаҳрамонӣ бошад! Агар мо натавонистем васият мекунам, ки насли баъдӣ ин вазифаро анҷом диҳанд!
Дӯстони гиромӣ, суханронони пеш аз ман – бародарон Алим Шерзамонов, Шарофиддин Гадоев, Темур Варқӣ ва Олег – бо сӯҳбатҳои худ дар мавзӯи истиқлол, истиқлолхоҳон ва моҳияти ҳаракати ПМТ корро осон карданд, вагарна ним соати дигар дар ин мавзӯъ сӯҳбат мекардам. Нуктаи такмили сӯҳбатҳои бузургворон ин аст, ки истиқлолият на танҳо дуздида шуд, балки поймол ва бадном шуд!
Имрӯз дар Тоҷикистон барои мардум ҷашни истиқлолият ҳеҷ фарқе бо ҷашни каду надорад! Шояд ҷашни кадуро бештар қабул кунад ва хушҳол бошад, чун ба шарофати ин ҷашн чанд кадуи арзонтар ба дасташ мерасад, аммо хурсандии ҷашни истиқлолият фақат барои як нафар, як хонавода ва як гурӯҳ аст ва миллат дар ҷашни истиқлол фақат барои машқи истиқболу рақс ва пул додан ҳамчун маводи хом истифода мешавад. Шумо мебинед, ки харҷу душвории ҳар маъракае, ки баргузор мекунанд бар сари миллат аст. Бинобар ин барои миллат дигар фарқе байни ҷашни истиқлол бо ҷашни каду ва харбуза намондааст. Ин ваъзият аз куҷо сар зад? Чаро як мансабдор дар болотарин сатҳ дар ҷашни каду самимитар аз ҷашни истиқлолу ваҳдат рафтор мекунад? Чун ҷашни каду ба фикру фарҳанги онҳо наздиктар аст, аммо истиқлолияту ваҳдат бо фикру фарҳанги онҳо бегона аст. Ман воқеан вақте саҳнаҳои ҷашни каду ва харбузаро тамошо мекунам, мебинам хеле роҳату самимӣ аст, аммо вақте дар ҷашни истиқлолият ва ваҳдат сӯҳбат мекунад мебинед, ки гӯӣ бо худаш ҷанг дорад. Аз як тараф ақл ҳукм мекунад, ки дар бораи истиқлолият ва ваҳдат бояд ба унвони раҳбари давлат сухан бигӯӣ ва аз тарафи дигар виҷдонаш маломаташ мекунад, ки магар ту набудӣ, ки бо истиқлолият меҷангидӣ ва истиқлолхоҳонро куштӣ ва зиндонию овора кардӣ ва ваҳдатро нобуд намудӣ? Дар ин набарди ақлу виҷдон ва ба гуфти худашон зиракии сиёсӣ шумо ва мардум мебинед, ки ҳеҷ самимияте нест.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад