Нишасти нахуствазирони Тоҷикистон ва Қирғизистон пас аз низои хунин дар марзи ду кишвар

Ба дунболи низои хунин дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон, нахуствазирони ду кишвар бо якдигар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Ба нақл аз сомонаи қирғизии AKIpress, Қоҳир Расулзода ва Муҳаммадкалий Абдулгазиев рӯзи гузашта дар посгоҳи “Қизил-Бей” дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи даргирии мусаллаҳона миёни марзбонон ва сокинони маҳаллии ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Дар ин даргирӣ 3 афсар ва сарбози тоҷик ва як афсари қирғиз куштаву теъдоде захмӣ шуданд.

Нахуствазирони ду кишвар ба фармондеҳони Хадамоти марзбонӣ ва давлатҳои маҳалли худ дастур доданд, то ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳоро тақвият ва дастрасии муносиб байни мардуми рустоҳои марзиро фароҳам кунанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад