Узбакистон узви Шӯрои кишварҳои туркзабон шуд

Шавкат Мирзиёев- раисҷумҳури Узбакистон қарордоди Нахҷавон дар мавриди эҷоди Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабонро имзо карда ва ин қарордод тавассути маҷлиси Сенат ба тасвиб расид.

Шавкат Мирзиёев- раисҷумҳури Узбакистон қарордоди Нахҷавон дар мавриди эҷоди Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабонро имзо карда ва ин қарордод тавассути маҷлиси Сенат ба тасвиб расид.

Ба нақл аз Форс ,ҳангоми баррасии қонуни мазкур таъкид шуд,ки узвияти Узбакистон дар ин шӯро ба эҷоди шароити муносиб барои тиҷорат ва сармоягузорӣ, осонсозии ташрифоти гумрукӣ ва транзитӣ ҷиҳати убури муназзами колоҳо, сармояҳо, хадамот ва фанновариҳо ва осонсозии амалиёти молӣ ва банкӣ кумак хоҳад кард.

Пеш аз ин 4 кишвар аз ҷумла Озарбойҷон, Қазоқистон,Қирғизистон ва Туркия аъзои ин созмон буданд.

Венгрия мақоми кишвари нозирро дорад.

Бағдод Амриев- дабири кулли Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои туркзабон узвияти Узбакистонро дар ин созмон як рӯйдоди таърихӣ унвон кард ва ибрози умедворӣ кард ин ба фаъолияти шӯро ҷаҳиши тозае медиҳад ва ҳамкориҳои мутақобили байни кишварҳои туркзабонро таҳким мекунад.

Вай дар баёнияи худ эълом кард: Раисҷумҳури Узбакистон дар ҳафтумин нишасти шӯро, ки 15 октябр дар Боку баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Ин шӯро дар таърихи 3 октябри соли 2009 дар шаҳри Нахҷавон дар Озарбойҷон таъсис шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад