Имзои қарордоди ҳамкории парлумонӣ байни Узбекистон ва Русия

Қарордоди ҳамкориҳои парлумонии Маҷлиси олии Узбекистон ва Русия дар чорчӯби сафари раиси Думаи давлатии ин кишвар ба Тошканд имзо шуд.

Қарордоди ҳамкориҳои байнипарлумонии Маҷлиси оли Узбекистон ва Думаи давлатии Русия дар чорчӯби сафари Виячеслов Володин, раиси Думои давлатии ин кишвар ба Тошканд имзо шуд.

Ин санад таҳкими равобити байни 2 кишвар дар заминаҳои мухталифи мавриди алоқаи тарафайнро дар назар дорад.

Тарафайн байни кумитаҳо ва комиссияҳо, гурӯҳҳои намояндагон ва дастгоҳҳои парлумонҳои Узбекистон ва Русия равобити доимӣ барқарор карданд.

Ба гуфтаи раиси Думаи давлатии Русия, ин қарордод барои ду кишвар имкони ҳамкорӣ дар қолабҳои мухталифро фароҳам мекунад.

Володин ҳамчунин изҳор дошт: дар Думаи давлатии Русия фаъолитҳои мушобеҳ бо ҳамкорони мо аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Чин, Фаронса, Қазоқистон, Италия эҷод шуда ва то онҷо, ки ба Узбекистон марбут аст ин гоми аввал аст.

Раиси Думаи давлатии Русия бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон дидору гуфтугӯ кард.

Русия яке аз бузургтарин ҳамкорони иқтисодӣ ва бозаргонии Узбекистон мебошад.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбекистон беш аз 961 воҳид ширкати муштарак аз ҷумла 810 ширкати муштарак ва 151 ширкат бо 100 дарсад сармоягузориҳои сармоягузорони Русия фаъолият мекунанд.

Дар Узбакистон намояндагии 64 ширкати Русия ба сабт расидааст.

Дар Русия ҳам беш аз 560 ширкати муштарак бо сармоягузориҳои сармоягузорони узбекӣ дар заминаҳои мухталиф фаъолият мекунанд.

Мубодилоти бозаргонии ин ду кишвар дар 10 моҳи соли 2018 дар сатҳи 3 миллиарду 500 миллион доллар қарор гирифтааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи сол 2017 мелодӣ 26.3 дарсад бештар мебошад.

Русия истиқлоли ин кишварро дар таърихи 20 марти соли 1992 ба расмият шинохта ва дар ҳамин рӯз байни ин ду кишвар равобити сиёсӣ барқарор шудааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад